Акмалиддин Каримов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Акмалиддин Каримов
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар  Тоҷикистон
Тахассус кӯштӣ, самбо
Зодрӯз 5 январ 1990(1990-01-05) (34 сол)
Зодгоҳ Душанбе, Тоҷикистон
Вазн то 57 кг

Акмалиддин Каримов (5 январи 1990, Душанбе, Тоҷикистон) — кӯштигири тоҷик. Қаҳрамони ҷаҳон дар куштии самбо (2021)[1]. Барандаи медали нуқраи Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонии самбо (2017)[2].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Акмалиддин Каримов 5 январи соли 1990 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Аз синни дувоздаҳсолагӣ ба самбо таҳти роҳбарии устодаш Маҳмадшариф Сулаймонов машғул аст. Дар шаҳри Душанбе, дар толори мактаби маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштӣ тамрин мекунад. Зиёда аз сӣ медал ба даст овардааст.

Соли 2011 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимовро хатм намуда, як сол дар Бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хидмат кардааст. Қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон, қаҳрамони Осиё, қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасону ҷавонон, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон мебошад.[3]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Таджикский самбист Акмалиддин Каримов стал Чемпионом мира. www.asiaplustj.info. ASIA-Plus (12 ноябри 2021). 2 Декабри 2021 санҷида шуд.
  2. ПОБЕДИТЕЛИ И ПРИЗЕРЫ 2 ДНЯ ЧЕМПИОНАТА МИРА ПО САМБО 2017 В СОЧИ. sambo.ru. 13 ноябри 2017 санҷида шуд.
  3. Акмалиддин Каримов 3 ҳазор доллар ҷоиза гирифт — Радиои Озодӣ http://www.ozodi.org/content/article/24943543.html