Муҳаммадшариф Сулаймонов
Маҳмадшариф Сулаймонов | |
| |
Иттилоъоти инфиродӣ | |
Ҷинс | мард |
Кишвар | Тоҷикистон |
Тахассус | куштӣ |
Зодрӯз | 1 январ 1953 (71 сол) |
Зодгоҳ | Рованд, ноҳияи Ванҷ, ВМКБ, Тоҷикистон |
Муҳаммадшариф Сулаймонов (Маҳмадшариф Сулаймонов; зод. 1 январи 1953, деҳаи Рованд, ноҳияи Ванҷ, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон) — куштигири тоҷик, Устоди варзиши ИҶШС, Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, Мураббии шоистаи варзиши Тоҷикистон, Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон, Довари дараҷаи олии байнулмилалӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳаммадшариф Сулаймонов 1 январи соли 1953 дар деҳаи Рованди ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст[1]. Соли 1970 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 1986 мураббии дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон ва соли 2000 сармураббӣ буд[2].
Муҳаммадшариф Сулаймонов қаҳрамони биступанҷкаратаи Тоҷикистон дар самбо ва кӯштӣ, қаҳрамони секаратаи ҷаҳон байни собиқадорон аст.
Ӯ дар бештар аз сӣ сол шогирдони зиёдеро ба тарбият кардааст. Ду нафари онҳо — Хушқадам Хусравов дар соли 2018 ва Акмалиддин Каримов дар соли 2021 — ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф гаштанд[3].
Унвону ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Устоди варзиши Тоҷикистон дар куштӣ,
- Устоди варзиши ИҶШС дар самбо ва ҷуду,
- Ходими хидматнишондодаи варзиши Тоҷикистон,
- Ордени «Шараф» дараҷаи 2 (2002),
- Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ибодуллоҳи Тоир. 60 соли сарафрозӣ. www.ozodagon.com. Озодагон (27 Декабри 2012). 14 марти 2021 санҷида шуд.
- ↑ Шамсулло Фозилов. Сулаймонов: Ман ҳеҷ гоҳ аз гиребони Саидмуъмин Раҳимов нагирифтам(тоҷ.). Фараж (30 Декабри 2022). 11 Январ 2023 санҷида шуд.
- ↑ Нарзуллоҳи Латиф, Барот Юсуфӣ. Муҳаммадшариф Сулаймонов: “Умри ману ту бо ину он мегузарад”(тоҷ.). Радиои Озодӣ (1 Январ 2023).
Ин мақолаи хурд дар бораи варзишкор ё мураббӣ аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |