Акрамшо Фелалиев
Фелалиев Акрамшо Саидшоевич | |
Таърихи таваллуд | 8 июн 1958 (66 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Шуғнон |
Акрамшо Фелалиев — доктори илмҳои кишоварзӣ (2003). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (2004),[1] узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV оид ба масъалаҳои аграрӣ ва шуғли аҳолӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1982), ихтисос — «биология». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: биология, генофонд ва полиморфизми дарахтҳои мевадор. Ходими хурд ва калони илмӣ (1990—1994), мудири озмоишгоҳи мевадорӣ, котиби илмии (1994—2005) Институти биологии Помири Академияи илмҳои ҶТ. Намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005—2010; 2010 — то имрӯз). Дорандаи Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон (1991).
Акрамшо Фелалиев — аз Ҳавзаи интихоботии Хоруғ № 41 Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V[2]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
- ↑ КМИР рӯйхати вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагонро чоп кард. 9 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июли 2015.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Бойгонӣ шудааст 6 апрели 2015 сол.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |