Акриламид

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Акриламид, CH2 = CHCONH2 (2-пропенамид); кристаллҳои беранг, ҳарор. гуд. 84,5°С, ҳарорати ҷӯш. 215°С. Дар об, метанол, этанол, атсетон хуб, дар этилатсетат, хлороформ, бензол, гептан бад ҳал мешавад. Гурӯҳи CONH2 ба реаксияҳое, ки барои амидҳои кислотаҳои карбони алифатӣ хос аст, дохил мешавад. Акриламид хосияти сусти амфотерӣ дорад. Бо третбутилати Na ва кислотаи сулфат намак ҳосил мекунад. Ҳангоми бо маҳлули обии формалдегид дар иштироки асосҳо (pH 7 – 9) таъсир намудан, ба N-метилолакриламиди ноустувор (CH2 = CHCONHCH2OH) ва дар иштироки катализаторҳои кислотагӣ (ва барзиёд будани А.) ба N, N1 – метилен-бис-акриламид [(CH2 = CHCONH2)2CH2] табдил меёбад. Ба банди дучандаи акриламид аминҳои алифатии якумин ва дуюмин, NH3, спиртҳо, меркаптанҳо, H2S, кетонҳо ва моддаҳои дигар зуд пайваст мешаванд. Акриламид бо карбогидридҳои диенӣ ба синтези диенӣ дохил мешавад; дар натиҷаи гидродимеризатсияи электрохимиявӣ ба адинодиамид табдил меёбад. Зимни полимеризатсия шудан полиакриламид ҳосил мекунад. Акриламидро дар саноат бо роҳҳои зерин ба даст меоранд: гидролизи акриламид бо H2SO4-и 84,5%-а дар ҳарораташ 80 – 100°С дар иштироки ингибиторҳои полимеризатсия (намакҳои Cu ва Fe, S, фенотиазин ва ғайра); гидролизи катализии акриламид дар ҳарораташ 80 – 120°С дар иштироки катализаторҳои мис (миси Реней, Cu/Cr2O3, Cu/Al2O3•SiO2 ва ғайра). Акриламид мономер барои истеҳсоли полиакрилонитрил ва ҳосил кардани сополимерҳо бо акриламид, стирол, винилатсетилен, акрилонитрил ва кислотаи акрилат мебошад. Акриламид моддаи оташангез ва заҳрнок аст; ба системаи асаб, ҷигар, гурда зарар мерасонад, пардаҳои луобии чашмро месӯзонад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]