Алафзор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Алафзори халиҷ дар Хоэнау-ан-дер-Марх

Алафзор — алафгоҳ, алафхор, мавзеест, ки алафи онро пай дар пай медараванд.

Асосан марғзор, баъзан замини беша, боғ, чарогоҳ шибарзамин ва ғайраро чун Алафзор истифода мекунанд. Дар Тоҷикистон тақрибан 38 ҳазор га алафзор (асосан дар ноҳияҳои Темурмалик, Данғара, Вахш, Қумсангир, Ҷиргатол, Фархор ва Мурғоб) мавҷуд аст. Алафзор табиӣ, кишта ва обию лалмӣ мешавад. Алафзорҳои табиии Тоҷикистон дар баландкӯҳҳо ва миёнакӯҳу доманакӯҳҳо воқеанд (аз ҳар га алафзор 30 – 60 сентнер хошок тайёр кардан мумкин аст). Алафзорҳои табиии обшори ҷумҳурӣ аз растаниҳои хӯшадори худрӯй ва алафҳои гуногун таркиб ёфтаанд. Алафзори табиии биёбону нимбиёбон дар пастхамиҳои сернам ҷойгир буда, аз гиёҳҳои хӯшадору лӯбиёӣ ва эфемерҳо иборат аст (соле аз ҳар га 8 – 12 сентнер хошок медиҳад). Алафзори табиии минтақаи миёнакӯҳ нисбатан сернам буда, аз гиёҳҳои хӯшадор ва алафҳои гуногун таркиб ёфтааст (аз ҳар га андаряк 18 – 20 сентнер хошок мегиранд). Алафзори табиии баландкӯҳ аз гиёҳҳои хӯшадору алафҳои гуногун иборат буда, аз ҳар га соле 12 – 15 сентнер хошок медиҳад. Масоҳати алафзори табиии ҷумҳурӣ вобаста ба шароити обу ҳаво тағйир меёбад. Алафзори киштаро бо мақсади киштгардони зироати хӯроки чорво ё бо роҳи кишти алафҳои яксолаю бисёрсола бунёд мекунанд. Дар мавзеъҳои камбориши ҷумҳурӣ дар заминҳои лалмӣ растаниҳои яксола кишта, аз ҳар га 22 – 25 сентнер хошоки хушсифат гирифтан мумкин аст. Дар ноҳияҳои боришот миёна кишти алафи судонӣ ва булғор самарабахш буда, аз ҳар га 28 – 35 сентнер хошок медиҳад. Дар заминҳои лалмии минтақаи миёнакӯҳ ва баландкӯҳҳо барои таҳияи алафзори кишта зироати бисёрсола (юнучқа, эспарсет) мекоранд ва аз ҳар га 45 – 54 сентнер хошок ба даст меоваранд. Масоҳати алафзори кишта дар ҷумҳурӣ тақрибан 2,2 ҳазор га аст. Яке аз тадбирҳои самарабахши беҳтар намудани алафзор истифодаи нуриҳои минералӣ мебошад. Истифодаи нуриҳои нитрогендор ҳосилнокии алафзори табиии обиро афзун мегардонад. Нуриҳои калию фосфордор боиси нашъунамои хуби растаниҳои лӯбиёии алафзор мешаванд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Атлас Таджикской ССР, Д. – М., 1968;
  • Пронуза А. А., Орошаемые культурные пастбища в Южном Таджикистане, Д., 1977;
  • Таджикистан (природа и природные ресурсы), Д., 1982.

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.