Ваҳдат (шаҳрак, н. Лахш)
Шаҳрак | |
39°13′20″ с. ш. 71°11′32″ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Тоҷикистон |
минтақа | Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
ноҳия | Лахш |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 5 100[1] тан (2022) |
Миллият | тоҷикон, қирғизҳо |
Эътиқодот | мусулмонон |
|
Ваҳдат (то соли 2008 — Ҷиргатол) — шаҳрак, маркази маъмурии ноҳия ва ҷамоати шаҳраки ноҳияи Лахш.
Ҷуғрофия
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар соҳили поёноби дарёи Кабудоб (ҳавзаи дарёи Сурхоби Вахш) воқеъ гаштааст. Аз Ваҳдат то шаҳри Душанбе 284 км; роҳ мумпӯш[2].
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]сол | 2010 | 2014 | 2015 | 2019 | 2020 |
---|---|---|---|---|---|
шумора (ҳаз. нафар) |
5,6 | ↗5,8 | ↗5,9 | ↗6,3 | ↗6,4 |
Маориф, фарҳанг ва иҷтимоиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ваҳдат мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ, омӯзишгоҳи тиббӣ, мактаб-интернат, омӯзишгоҳи омӯзгорӣ, шуъбаи маориф, 2 мактаби варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, варзишгоҳ барои 5 ҳазор нафар, китобхона, 3 муассисаи фарҳангию фароғатӣ, осорхона, кӯдакистон, 4 суратгирхона, нуқтаҳои хидмати маишӣ, маркази савдо, 15 нуқтаи савдои хусусӣ, ошхона, чойхона, шуъбаи алоқа, беморхонаи марказӣ, 5 дорухона, маркази саломатӣ, аэропорт, автовокзал дорад. Дар Ваҳдат идораи хоҷагии ҷангал, ҷамъияти матлубот, идораи роҳсозӣ, идораи байторӣ, пойгоҳи нақлиёт, ситоди ҳолатҳои фавқулода, идораи кишоварзӣ, комиссариати ҳарбӣ, шуъбаи корҳои дохилӣ, идораи суди ноҳия, прокуратура, муассисаи серсоҳаи хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ, идораи нозироти андоз, шуъбаи омор, сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (САҲШ), идораи матбаа, коргоҳи табъу нашри «Файзи олам», масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Лахш, анбори Агентии захираҳои давлатӣ, қисми низомии 2120, пойгоҳи зилзиласанҷии Институти зилзиласанҷии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст.
Кишоварзӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ ва картошкапарварӣ. Заминҳо аз оби дарёи Пиёзӣ обёрӣ мешаванд.
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 23 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ ЭМТ, Ҷ. 3. БОЗ-ВИЧКУТ – Душанбе: СИЭМТ, 2014, — с.554