Александр Гордеев
Александр Гордеев | |
---|---|
Зодрӯз | 15 апрел 1903[1] |
Таърихи даргузашт | 27 октябр 1975[1] (72 сол) |
Мансубият | |
Равобит |
Александр Семёнович Горде́ев (15 апрел 1903[1], Anzyak[d], Zlatoustovsky Uyezd[d], Ufa Governorate[d], Русияи подшоҳӣ[1] — 27 октябр 1975[1], Душанбе) — старшина, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1944).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 1931 коргари р. о.-и Сталинобод. Соли 1941 ба сафи Артиши Сурх даъват шуд. Дар муҳорибаи Сталинград ва соҳилҳои Днепр қаҳрамонӣ нишон додааст. Иштирокчии паради Ғалаба дар ш. Маскав (1945). Соли 1943 ёвари нишонгири силоҳи танкшикани дивизиони 7-уми гвардиягии савораи танкшикани корпуси 7-уми гвардиягии савораи Армияи 61-уми Ҷабҳаи марказӣ буд. Шаби аз 26 то 27 сентябри 1943 Г. ба оташфишонии шадиди душман нигоҳ накарда, дар ҳайати се дастаи силоҳҳои танкшикан дар мавзеи деҳаи Нивкии ноҳияи Брагинскийи вилояти Гомели Белоруссия дарёи Днепрро убур намуда, бо аскарони сершумори фашистон ҷангид ва то омадани қувваҳои иловагӣ мавқеъро нигоҳ дошт. Барои иҷрои намунавии супоришҳои фармондеҳон ва ҷасорату қаҳрамонӣ дар ҷангҳои зидди фашистон бо Қарори Шӯрои Олии ИҶШС аз 15 январи 1944 бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардид[2]. Пас аз ҷанг ба Сталинобод баргашта, аввал ҷонишини сардори вокзали р. о.-и Душанбе буд, баъд ба ҳайси сардори қатора кор кард. Узви фаъоли Кумитаи ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг буд. Бо орденҳои Ленин, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи I) ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 Башкирская энциклопедия (рус.) — Башкирская энциклопедия, 2005. — 4344 с.
- ↑ Указ Президиума Верховного Совета СССР «О присвоении звания Героя Советского Союза генералам, офицерскому, сержантскому и рядовому составу Красной Армии» от 15 января 1944 года // Ведомости Верховного Совета Союза Советских Социалистических Республик : газета. — 1944. — 23 января (№ 4 (264)). — С. 1.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гордеев Александр Семёнович / Б. Аҳмадов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 15 апрел
- Зодагони соли 1903
- Даргузаштагони 27 октябр
- Даргузаштагони соли 1975
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Зодагони Империяи Русия
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ