Jump to content

Александр Ҳертсен

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Александр Ҳертсен
русӣ: Александр Иванович Герцен
Ном ба ҳангоми таваллуд: русӣ: Александр Иванович Герцен
Тахаллусҳо: Iskander
Таърихи таваллуд: 25 март (6 апрел) 1812[1][2][3]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 9 (21) январ 1870[2][4][5][…] (57 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: файласуф, нависанда, рӯзноманигор, зиндагиноманавис, мунтақиди адабӣ, насрнавис, публисист, омӯзишгар, сиёсатмадор, омӯзгор, инқилобӣ
Жанр: наср, рӯзноманигории эътиқодӣ[d] ва нақди адабӣ[d]
Забони осор: русӣ[7][8][8]
Имзо: имзо
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Герсен Александр Иванович (25 март [6 апрел] 1812[1][2][3], Маскав[6][1]9 [21] январ 1870[2][4][5][…], Порис, Фаронса[6][5]) — нависанда, файласуф ва ходими ҷамъиятии рус.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи шуъбаи физикаву риёзиёти Донишгоҳи Маскав (1833). Ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ бо ибтикори Александр Ҳертсен ва дӯсташ Н. П Огарёв маҳфили инқилобӣ таъсис ёфт. Июли 1834 Александр Ҳертсен-ро дар қа-тори чанде аз аъзои маҳфил ба ҳабс гирифта, апрели 1835 аввал ба Перм, баъд ба Вятка бадарға карданд. Дар охири соли 1837 барои ба ш. Владимир омадани Александр Ҳертсен иҷозат дода шуд. Александр Ҳертсен соли 1840 ба Санкт-Петербург омад ва бо исрори падараш муддате дар Вазорати корҳои дохилӣ хидмат кард. Июли 1841 Александр Ҳертсен барои дар яке аз мактубҳои шахсиаш танқид кардани политсия бори дуюм ба Новгород бадарға гардид. Баъди баргаштан аз бадарға (июли 1842). Александр Ҳертсен дар Маскав ҳаёт ба сар мебарад. Ӯ то нимаи аввали солҳои 40 дар муборизаи ғарбгароён бар зидди славянпарастон фаъолона иштирок кард. Соли 1847 бо оилааш ба хориҷа рафт. Зиндагӣ ва фаъолияти баъдинаи Александр Ҳертсен аввал дар Порис, баъд дар шаҳрҳои дигари Аврупо ҷараён гирифт.

Фаъолияти эҷодӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар давраҳои аввали фаъолияти эҷодиаш Александр Ҳертсен бештар ба масъалаҳои фалсафа ва табиатшиносӣ машғул буда, асарҳои «Оид ба мақоми инсон дар табиат» (1832), «Дилетантизм дар илм» (маҷмӯаи мактубҳо, 1842-43), «Мактубҳо оид бо омӯзиши табиат» (1844-45)-ро офарид. Мавзӯи асосии эҷодиёти ӯ дар соҳаи фалсафа ваҳдати ҳастӣ ва тафаккури инсон, ҳаёт ва ормон аст. Дар осори гуногуни Александр Ҳертсен тамоюли дарки ваҳдати табиат ва инсон, модда ва шуур, таҷрибаи мушоҳида ва тафаккури зеҳнӣ ба назар мерасад. Ӯ диалектикаи Ҳегелро «алгебраи инқилоб» номида, мехост онро чун қонуни ҳаракати инсоният ба сӯи ҷамъияти озод аз тазодҳо асоснок намояд. Ба ақидаи Александр Ҳертсен роҳи ҳаракат ба сӯи олами нав пайвастани фалсафа бо ҳаёт ва илм бо ҷомеа аст. Вақте ки омезиши рӯҳ ва модда ба амал ояд, ба акидаи ӯ, он гоҳ замони «амали оқилона» фаро мерасад.

Александр Ҳертсен тарафдори пайвастани материализм бо ғояи инкишоф, илми табиатшиносӣ бо фалсафа ва назария бо амалия буд. Ӯ шикасти инқилоби соли 1848-и Фаронсаро муборизаи нобарор баҳри сотсиализм арзёбӣ намуда, таълимоти фалсафии солҳои 40-ро таҷдиди назар кард. Александр Ҳертсен ба муносибатҳои мутақобили шахсу ҷамъият диққати махсус дода, фардпарастии буржуазӣ ва ормонҳои коммунистии мусовотро сахт танқид кардааст. Қуллаи ҷустуҷӯҳои ғоявӣ ва назариявии Александр Ҳертсен асари ӯ «Мактубҳо ба дӯсти дерин» (1869) мебошад. Ин асар ба Бакунин навишта шуда, дар он зиёдаравӣ дар назарияи инқилобӣ (барҳам додани давлат, табаддулоти фаврии иҷтимоӣ ва ғайра) мавриди накӯҳишу мазаммат қарор гирифтааст.

Дар соҳаи фалсафаи таърих диққати Александр Ҳертсен-ро масоили қонунҳои ҷамъият ба худ ҷалб карда буд. Александр Ҳертсен ҳамчун намояндаи идеологияи инқилобию демократӣ фалсафаро чун воситаи асоснок кардани ормонҳои сиёсии худ баррасӣ менамуд. Аз ин рӯ, ба ақидаи Александр Ҳертсен, барои дигаргун сохтани Русия на фақат рушди маориф ва илм, балки истифодаи усулҳои инқилобӣ зарур аст. Ба гуфтаи Александр Ҳертсен В. Плеханов Александр Ҳертсен аз фалсафа умедвор буд, ки роҳи саодати инсониро нишон медиҳад. Дар мақолаи «Дилетантизм дар илм» ӯ иброз дошт, ки мақсади фалсафа на танҳо рушди дониш аст, балки аз он иборат аст, ки бояд ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад ва ба татбиқи мақсаду мароми халқ ёрӣ намояд. Александр Ҳертсен ба хотири озодии шахс аз зулми крепостноӣ ва рушду нумӯи инсон ғояи «сотсиализми рус»-ро пешниҳод кардааст. Романи «Кӣ айбдор аст?» (1841-46), повести «Духтур Крупов» (1847), асари публитсистию фалсафии «Саргузашт ва афкор» (1852-68) қуллаи баландтарини эҷодиёти бадеии Александр Ҳертсен ба ҳисоб мераванд. Порчаҳои «Саргузашт ва афкор» ба забони тоҷикӣ тарҷума ва чоп (1962) шудаанд. Маҷаллаҳои «Полярная звезда» (1855-62) ва «Колокол» (1857¬67), ки аз ҷониби Александр Ҳертсен дар Лондон нашр ва дар Русия паҳн мешуданд, дар паҳн гардидани ғояҳои декабристон ва озод гардидани деҳконон аз зулми крепостноӣ нақши муҳим бозидаанд. Таълимоти Александр Ҳертсен ба инкишофи афкори фалсафӣ, ҷамъиятию сиёсӣ ва зебоишиносии халқи рус таъсири бузург расондааст. Александр Ҳертсен яке аз саромадони идеологияи халқгаро буд.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Герцен, Александр Иванович (рус.) // Русский биографический словарьМ.: 1916. — Т. 5. — С. 97—134.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 К. А—жин Герцен-Искандер, Александр Иванович (рус.) // Энциклопедический словарьСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1893. — Т. VIIIа. — С. 566—568.
  3. 3.0 3.1 Исаев Ю. Н. Чувашская энциклопедия (рус.)Чувашское книжное издательство, 2006. — 2567 с. — ISBN 978-5-7670-1471-2
  4. 4.0 4.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  5. 5.0 5.1 5.2 5.3 W. R. S.-R. Hertzen, Alexander (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 13. — P. 402—403.
  6. 6.0 6.1 6.2 6.3 Герцен Александр Иванович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  7. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  8. 8.0 8.1 Чешская национальная авторитетная база данных
  • Пипер Л. Мировозрение Герцена. М.-Л., 1935;
  • Володин. А. И. В поисках революционной теории А. И. Герцена. М., 1962;
  • Пирумова Н. М. А. Герцен. М., 1962;
  • Смирнова З. В. Социальная философия А. И. Герцена. М., 1973;
  • Летопись жизни и творчества А. И. Герцена. Т. 1 — 2. М., 1974 — 76.
  • Герсен Александр Иванович / А. Абдуманнонов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.