Алес Карлюкевич
Алес Карлюкевич | |
Таърихи таваллуд: | 6 январ 1964 (60 сол) |
Зодгоҳ: | Минск |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда, тарҷумон |
Забони осор: | белорусӣ[1] ва русӣ |
Ҷоизаҳо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Алес Карлюкевич (беларусӣ: Алесь Карлюкевіч[2], русӣ: Александр Карлюкевич[3]) — нависанда, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2010).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Алес Карлюкевич 6 январи соли 1964 дар деҳаи Загитов-Слободаи ноҳияи Пуховичи вилояти Минск ба ҷаҳон омадааст. Шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Лвов ва Академияи Президенти Ҷумҳурии Белорусро хатм кардааст. Алес Николаевич дар бобати барқарору устувор намудани робитаҳои адабӣ, ташвиқу тарғиби адабиёти тоҷик дар кишвараш хидмати босазоеро ба анҷом расондааст. Борҳо ба Тоҷикистон сафар карда, баъди бозгашт оид ба соҳаҳои гуногуни рӯзгори мардуми мо, вохӯриҳояш ба адибону олимон як силсила мақолаву очерку гузориш навишта, пешкаши хонандагони белорус намудааст. Профессори Донишкадаи рӯзноманигорикаи Донишгоҳи давлатии миллии Белорус, узви Раёсати Иттиҳодияи нависандаони Белорус, раиси Ҷамъияти дӯстии «Белорус – Тоҷикистон», аз соли 2010 узви ифтихории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи беш аз 25 китоб аст. Бисёр асарҳои адибони рус, тоҷик, туркман ва дигаронро ба забони белорусӣ тарҷума ва чоп кардааст. Ҳамроҳи адиби тоҷик Ато Ҳамдам китоби «Дӯстии халқҳо – дӯстии адабиёт»-ро навиштааст, ки дар Тоҷикистон ду бор интишор ёфтааст. Бисёр очеркҳояш, аз қабили «Тоҷикистонро чӣ сон шинохтам ман», китобҳояш «Афсонаи бобои Алес» ва «Чӣ хел Светланаи якумхон фиреб хӯрд» дар тарҷумаи Истад Қосимзода ба забони тоҷикӣ ба табъ расидаанд.
Мукофотҳо ва ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҷоизаи Президенти Белорус «Барои эҳёи рӯҳӣ» («За духовное возрождение);
- Мукофоти Иттиҳоди рӯзноманигорони Белорус «Килки тилоӣ»;
- Ҷоизаи адабии ба номи Павлюк Трус;
- Мукофоти адабии ҷумҳуриявии «Купидони тилоӣ»;
- Нишони ифтихории нависандагони Тоҷикистон «Сухан»;
- Медалҳои ҷумҳурии Белорус ва Куба.[4]
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Карлюкевич, Алесь; Хамдам, Ато (2011). Дружба народов – дружба литератур = Дӯстии халкҳо – дӯстии адабиет : [о взаимосвязях белорусской и таджикской литератур] (2 ed.). Душанбе. ISBN 978-99947-64-64-8.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ Алесь Бадак – пра атрыманне прэміі СНД “Зоркі Садружнасці” Бойгонӣ шудааст 21 феврали 2020 сол. // Белорусский Союз Журналистов
- ↑ Руководители ИД “Звязда” стали лауреатами премии “Звезды Содружества” // Белорусский Союз Журналистов
- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.103 - 104 ISBN 978-99947-2-379-9
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тарғибгари адабиёти тоҷик // Садои мардум 2 мартисоли 2012 №25-26 (2852-2853) с. 7.
- Алек КАРЛЮКЕВИЧ. Шеъри тоҷик дар Белорус // Ҷумҳурият
- КАРЛЮКЕВИЧ Алесь - все публикации автора Бойгонӣ шудааст 23 марти 2016 сол. // «СБ. Беларусь сегодня»
- Зодагони 6 январ
- Зодагони соли 1964
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони Минск
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Тарҷумонҳои адабиёти бадеӣ
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрии байналмилалӣ аз Тоҷикистон