Зариф Ализода
Зариф Ализода | |
---|---|
Таърихи таваллуд | 1962 |
Зодгоҳ | Ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ |
Ҷоизаҳо |
Зариф Ализода ( 5 майи 1962, ноҳияи Колхозобод) — ҳуқуқшинос, Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994).
Зиндагинома[вироиш]
Зариф Ализода 5 майи 1962 дар ноҳияи Колхозобод таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии УДТ (1984).
Фаъолият[вироиш]
Зариф Ализода фаъолияти меҳнатиашро чун ассистенти кафедраи назария, таърихи давлат ва ҳуқуқи УДТ 1984 – 1986) сар карда сипас, коромӯз ва аспиранти Пажӯҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи АИ СССР (1986 – 1990), мушовир – сармутахассиси Комитет оид ба қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1990 – 1993), раиси Комитети назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993 – 1995), муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995 – 2000) ва ҳамзамон узви Комиссияи оштии миллӣ (1997 – 2000), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000 – 2001), сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001 – 2003), раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003 – 2006), мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ – Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006 – 2009) буд. Аз соли 2009 ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. З. Ализода беш аз 50 таълифот оид ба масоили мухталифи ҳуқуқӣ дорад.
Ҷоизаҳо[вироиш]
- ордени Дӯстӣ
Эзоҳ[вироиш]
Осор[вироиш]
- Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Д., 1999;
- Қонуни асосӣ: таърих ва замони муосир. - Д., 2000;
- Асосҳои давлатдории навин. - Д., 2003;
- Назарияи давлат ва ҳуқуқ (воситаи таълимӣ). - Д., 2004;
- Тафсири Қонуни ҶТ «Дар бораи ваколат оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». - Д., 2009.
Сарчашма[вироиш]
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
[[Гурӯҳ: