Зариф Ализода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зариф Ализода
Таърихи таваллуд 5 май 1962(1962-05-05) (61 сол)
Зодгоҳ Ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ
Ҷоизаҳо

Ордени Дӯстӣ

Зариф Ализода (5 майи 1962, ноҳияи Колхозобод) — ҳуқуқшинос, Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зариф Ализода 5 майи 1962 дар ноҳияи Колхозобод таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии УДТ (1984).

Фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Зариф Ализода фаъолияти кориашро чун ассистенти кафедраи назария, таърихи давлат ва ҳуқуқи УДТ 1984—1986) сар карда сипас, коромӯз ва аспиранти Пажӯҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи АИ СССР (1986—1990), мушовир — сармутахассиси Комитет оид ба қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1990—1993), раиси Комитети назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993—1995), муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995—2000) ва ҳамзамон узви Комиссияи оштии миллӣ (1997—2000), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000—2001), сардори Раёсати хидмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001—2003), раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003—2006), мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ — Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006—2009) буд. Аз соли 2009 ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. З. Ализода беш аз 50 таълифот оид ба масоили мухталифи ҳуқуқӣ дорад.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • ордени Дӯстӣ

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. — Д., 1999;
  • Қонуни асосӣ: таърих ва замони муосир. — Д., 2000;
  • Асосҳои давлатдории навин. — Д., 2003;
  • Назарияи давлат ва ҳуқуқ (воситаи таълимӣ). — Д., 2004;
  • Тафсири Қонуни ҶТ «Дар бораи ваколат оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». — Д., 2009.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]