Jump to content

Алиризо Раҳмонқулов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алиризо Раҳмонқулов
Таърихи таваллуд: 7 май 1929(1929-05-07)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 15 июн 2020(2020-06-15) (91 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша
Ҷоизаҳо:

Алиризо Раҳмонқулов (7 майи 1929, деҳаи Танг, ноҳияи Шуғнон, ВМКБ — 15 июни 2020, ноҳияи Шуғнон, ВМКБ) — ҳунарпеша ва коргардон, арбоби фарҳангӣ, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1963).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Омӯзишгоҳи педагогии ш. Хоруғ (1949), Институти давлатии театрӣ-бадеии ба номи А. Островскийи ш. Тошканд (1954) ва Мактаби олии ҳизбии назди КМ КПСС-ро (1967) хатм кардааст. Саркоргардони Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Хоруғ (1954—1956), коргардони ансамбли тарона ва рақси «Помир» (1956—1959), саркоргардон ва директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1959—1962), коргардони студияи Телевизиони тоҷик (1962—1965), директори Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ (1967—1972), директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон(1972—1979), муовини директори Хонаи эҷодиёти халқи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон (1979—1992), муовини директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1992—2005) кор кардааст. Дар саҳнаи театр нақшҳо бозидааст, намоишҳои муқаррарӣ ва спектаклҳои телевизионӣ таҳия намудааст, ба сифати рассом плакату номаҳо кашида, спектаклҳоро оро додааст, дар радио наттоқӣ карда, барандаи бисёр ҷашнвораҳои фарҳангӣ будааст. Муаллиф ва мураттиби китобҳои «Расму оинҳои нави тоҷикӣ», «Сурудҳои дилнишин», «Либосҳои миллии ҳаваскорони санъат» аст. Оид ба фаъолияти арбобони намоёни фарҳанги ҷумҳурӣ, маданияти тоҷик қариб 250 мақолаю тақриз навиштааст[1].

Алиризо Раҳмонқулов 15 июни 2020 дар 91-солагӣ дар ноҳияи Шуғнон даргузашт[2].

Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.

  1. Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
  2. Даргузашти Алиризо Раҳмонқулов, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон(тоҷ.). Sputnik (15 июни 2020). 1 феврали 2024 санҷида шуд.
  • Фидоии фарҳангу ҳунар. Д., 2009.