Алиф Шафақ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Алиф Шафақ
тур. Elif Şafak
ElifShafak creditZeynelAbidin.jpg
Таърихи таваллуд: 25 октябр 1971(1971-10-25)[1][2][3][…] (50 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, румоннавис, рӯзноманигор
Жанр: postmodernism[d]
Забони осор: инглисӣ[4] ва туркӣ[4]
Ҷоизаҳо:
elifshafak.com(англ.)
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Алиф Шафақ (тур. Elif Şafak, 25 октябри 1971, Страсбург) — нависандаи турктабори биритониёӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Алиф Шафақ 25 октябри 1971 дар Страсбурги Фаронса аз волидайни турк ва биритониёӣ ба дунё омад ва пас аз ҷудоии волидайн ба ҳамроҳи модараш ба Туркия бозгашт.[5] Ӯ аз Донишгоҳи фаннии Ховари Миёна дар Анқара лисонси равобити байнулмилал ва фавқулисонси мутолиъоти занон ва дуктурии улуми сиёсӣ гирифт. Ӯ дар ҳангоми таҳсил дар давраи фавқулисонс, аввалин китоби достонашро дар соли 1994 ва дар соли 1997 ҳам румони дувумашро мунташир кард. Пас аз итмоми давраи дуктуро ба Истамбул омад ва «Оинаҳои шаҳр»-ро навишт. Алиф Шафақ дар солҳои 2003—2004 бо дараҷаи устодёрӣ дар Донишгоҳи Мишигон ва баъд дар бахши мутолиоти Ховари Наздики Донишгоҳи Оризуно машғул ба кор шуд ва аз 2005 то 2009 низ сутуннависи рӯзномаи «Замон» буд.

Эҷод[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ 10 румон ба ингилисӣ, фаронсавӣ ва туркӣ мунташир кардааст, ки бархе аз онҳо ҳам ба форсӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла: «Оинаҳои шаҳр», «Шупуши полос», «Миллати ишқ», «Шарофат», «Муриди меъмор» ва «Ҳаромзодаи Истамбул».

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Алиф Шафақ дар соли 1998 бо румони «Пинҳон» барандаи ҷоизаи «Румӣ», ки ба беҳтарин асари адабиёти ирфонии Туркия тааллуқ мегирад, шуд. Ӯ нишони Шаволияро, ки аз медолҳои фарҳангии кишвари Фаронса аст дарёфт карда ва борҳо ба феҳристи ниҳоӣ ва аввалияи ҷавоизи ҷаҳонӣ аз ҷумла Ҷоизаи адабиёти достонии занони «Авранҷ» (Белиз), Ҷоизаи дастовардҳои занони осиёӣ, Ҷоизаи муҳимми «Импак Дублин», Адабиёти достонии мустақили Биритониё, Ҷоизаи байнулмилалии рӯзноманигорӣ ва ғайра роҳ пайдо кардааст.[6]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
  2. Архив изобразительного искусства — 2003.
  3. Babelio (фр.) — 2007.
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  5. Elif Shafak. Transcript of "The politics of fiction"(англ.). www.ted.com. 28 сентябри 2021 санҷида шуд.
  6. نویسنده‌ای که وطنش را با خودش حمل می‌کند(форсӣ). ایسنا (6 феврали 2017). 28 сентябри 2021 санҷида шуд.