Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ғунд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Аличур (дарёи Ғунд))
Ғунд
Ҷараёни об
Сарчашма  
  Координатаҳо 37°37′51″ с. ш. 73°58′41″ в. д.HGЯO
Резишгоҳ Панҷ
  Координатаҳо 37°29′23″ с. ш. 71°31′11″ в. д.HGЯO
Мавқеъ
Минтақа Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Ноҳияҳо Шуғнон
Ғунд (Тоҷикистон)
болооб
резишгоҳ
Ғунд
дар Викианбор

Ғунд - дарё дар ВМКБ, шохоби калонтарини тарафи рости дарёи Панҷ. Дарозиаш 296 км, масоҳати ҳавзааш 13700 км2.

Тавсифи ҳавза

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз рӯи шароити ташаккулёбӣ, хусусиятҳои иқлимӣ, тавсифи релеф ва шабакаи ҳидрографиаш мансуби ду ҳав­за мебошад: қисми болоӣ ва шарқиаш ба ҳавзаи дарёи Али­чур (2,8 км2) ва қисми поёниаш ба Помири Ғарбӣ (10,9 км2), дар шаҳри Хоруғ ба дарёи Панҷ мерезад.

Водии ҳав­заи дарёи Али­чур аз чор тараф ба қаторкӯҳҳои баландиашон зиёда аз 4500–6000 м аз сатҳи баҳр (қуллаҳои К. Маркс – 6726 м, Ф. Энгелс – 6507 м, Патхор – 6080 м) иҳота гардидааст. Манбааш бар­фу пиряхҳои қаторкӯҳҳои Аличур. Шохобҳои ка­лон­та­ри­наш – Шохдара (дарозиаш 148 км), инчунин дарёҳои Бах­ма­лҷилга ва Ривакдара.

Ғунд аз ҷараёни боло то ба Яшилкӯл рехтанаш дарёи Аличур ном дошта, аз дарёи Ғу­румдӣ ибтидо мегирад. Ғурумдӣ аз дарёҳои Шазуд, Ирису Камчинбар, Ор­таучкӯл ва Келучкари қисмати шимолии қаторкӯҳҳои Аличури Ҷанубӣ ташаккул меёбад. Баъди аз Яшилкӯл баромадан Ғунд ном мегирад.

Ғунд ба гурӯҳи дар­ё­ҳои манбаашон пиряхӣ-барфӣ мансуб аст. Манбаи шо­хоб­ҳои чапи дарёи Ғунд (Вархездара, Дӯзахдара, Лангардара, Ан­дарездара, Сафедобдара, Шазуддара, Ту­қузбулоқдара, Патхурдара, Оқма­мад­дара, Вердара, Зувордара, Хитамдара, Рожакдара, Вибистдара, Тирмангдара, Тангдара, Шорв­дара, Барсемдара, Бо­ғевдара) пиряхҳо мебошанд. Дар мин­тақаҳои нисбатан баландкӯҳи қаторкӯҳ­ҳои Аличури Шимо­лӣ ва Аличури Ҷа­ну­бӣ, ки миқ­дори боришоти солона 600 мм ва бештар аст, яхбандӣ бисёр шуда, зичии шабакаи дарёҳо ва об­ни­гоҳ­дории онҳо зиёд мешаванд.

Неругоҳҳои барқӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар маҷрои дарёи Ғунд НБО (иқ­тидораш 28 ҳа­зор кВт) сохта шудааст. Ҳавзаи дарё зиёда аз 270 кӯл дорад, ки калонтарини онҳо Яшилкӯл ва Са­сиқ­кӯл мебошанд. Шӯрии оби дарёи Ғунд карбонатӣ – 150–200 мг/л аст. Дар наздикии андароби дарёҳои Ғунд ва Шохдара дар баландии 2100–3500 м Боғи ботаникии Помир воқеъ гаштааст.

  • Тоҳиров И. Ғ., Купайи Г. Д. Сарчашмаҳои оби Ҷумҳурии То­ҷи­кистон. Д., 1998.

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]