Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Алишер Мирзонабот

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алишер Мирзонабот
Алишер Худобердӣ Мирзонабот
Таърихи таваллуд: 27 август 1980(1980-08-27) (45 сол)
Зодгоҳ: Ноҳияи Рӯшон , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишкадаи ҳарбии КНБ-и Ҷумҳурии Қазоқистон (2003). Академияи сарҳадии Хадамоти федералии бехатарии Федератсияи Россия (2006). Мактаби Олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018).
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Алишер Худобердӣ Мирзонабот (Мирзонаботов) (27 августи соли 1980, ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҶШС Тоҷикистон) — арбоби низомӣ ва давлатии тоҷик, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII. генерал-майор.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Алишер Мирзонабот 27 августи соли 1980 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҶШС Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1997 мактаби рақами 4-и ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва соли 2003 Донишкадаи ҳарбии КНБ-и Ҷумҳурии Қазоқистонро хатм кардааст. Инчунин муҳассилини Академияи сарҳадии Хадамоти федералии бехатарии Федератсияи Россия (2006) ва Мактаби Олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018) буд.

Фаъолияти низомӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди хатми мактаб дар сафи қӯшунҳои сарҳадӣ, аз соли 1998 то соли 2000 дар қисми низомии 2730 (Душанбе) хидмат кардааст.

Моҳи марти соли 2003 муовини сардори ситоди қисми 2107-и Қӯшунҳои сарҳадии ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон, аз январи соли 2004 то моҳи августи соли 2005 сардори ситоди як қисми ҳарбӣ шуда, баъдан дар вазифаҳои гуногун дар қӯшунҳои сарҳадӣ то соли 2017 хидмат кардааст.

Моҳи сентябри соли 2017 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор карда, то моҳи сентябри соли 2018 дар ин мақом кор кардааст.

Фаъолияти меҳнатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Моҳи сентябри соли 2018 муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шуд.

Рутбаи ҳарбии генерал-майорро дошта, барои хизматҳои сазовор ва содиқона ба давлату миллати тоҷик бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидааст.[6]

  • Ордени «Шараф» Ордени Шараф дараҷаи II (2022).
  • медали "Марзбони шуҷои Ватан" (2015),
  • медали ҷашнии "30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (2021),

Оиладор, чор фарзанд.