Алиқул Алиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алиқул Алиев
Алиқул Алиев
вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон

Таваллуд 1914
Даргузашт 1974(1974)
Ноҳияи Ӯротеппа
Ҳизб ҲКИШ
Касб ходими давлатӣ ва сиёсӣ
Фаъолият раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони меҳнаткашони вилояти Кӯлоб, вазири молияи ҶШС Тоҷикистон, муовини раиси Госплани Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ»

Алиқул Алиев — ходими давлатӣ ва сиёсии даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҶШС Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1914 дар деҳаи Чорбоғи Ноҳияи Ӯротеппа таваллуд шудааст. Узви ҲКИШ аз соли 1939.

Аз соли 1929 - дар корҳои хоҷагидорӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ. Солҳои 1929 - 1946 - коргари хоҷагӣ, донишҷӯи курсҳои муҳосибот, муҳосиби ноҳияи Чорбоғи ноҳияи Ӯротеппа, котиби Шӯрои (Совети) деҳаи Чорбоғи ноҳияи Ӯротеппа, муовин, мудири шуъбаи маорифи халқи кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони меҳнаткашони вилояти Кӯлоб, мудири бахш, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи вилоятии ҲК Тоҷикистон Котиби якуми Кумитаи ноҳияи Ховалинги Ҳизби Коммунистии (большевикҳои) Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони меҳнаткашони вилояти Кӯлоб, вазири молияи ҶШС Тоҷикистон, муовини раиси Госплани Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон.

Ӯ вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон даъвати 2-7-ум интихоб шуда буд.

Алиқул Алиев пас аз соли 1974 даргузаштааст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Дорандаи орденҳои

  • "Нишони Фахрӣ",
  • "Байрақи Сурхи Меҳнат",
  • "Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II"

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]