Алиҷон Солиев
Таърихи таваллуд | 1 январ 1939 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 9 апрел 2007 (68 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Ҷоизаҳо |
Алиҷон Солиев (1 январи 1939, Сталинобод, ҶШС Тоҷикистон — 9 апрели 2007, Душанбе, Тоҷикистон) — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1978).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1964 Консерваторияи Тошкандро хатм карда, дар ансамбли навтаъсиси эстрадии «Гулшан»-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ сурудхонӣ намудааст, аз соли 1971 сарояндаи ансамбли мақомхонони ҳамин кумита буд. Солҳои 1985—1998 ба сифати муаллим ва мудири кафедраи мусиқии анъанавии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода фаъолият доштааст, дар факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров ҳам дарс додааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ асарҳои мусиқии касбӣ ва халқиро бо маҳорати баланд иҷро менамуд. «Турнаҳо», «Чашми туро», «Меҳри рӯзгор», «Шайдо накун», «Эй ҷони ман асират», «Қиссаи ишқ», «Эй сабо шӯхӣ накун», «Дӯст», «Саодати ман», «Дилбари ҷонам», «Чашми туро», «Бо табассум», «Турнаҳо», «Субҳи кишвари рӯят», «Хуршеди ман», «Бурди қарорам», «Биё боз», «Духтари фархунда», «Мижгони булбул», «Гулшани васл», «Сарахбори ороми ҷон», «Ушшоқи Қуқанд», «Чоргоҳи як» аз зумраи онҳоанд. Садояш дар филмҳои тоҷикии «Хатти парвоз», «Сандуқ барои келин» ва ғайраҳо танин андохтааст. Иштирокдори Симпозиумҳои байналхалқии мусиқии халқҳои Шарқ дар шаҳри Самарқанд (1978, 1983, 1987) буд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 1 январ
- Зодагони соли 1939
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Даргузаштагони 9 апрел
- Даргузаштагони соли 2007
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон