Jump to content

Алиҷубби Нойӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алиҷубби Нойӣ
Зодгоҳ Марв
Таърихи даргузашт 1567(1567)
Пеша(ҳо) оҳангсоз

Алиҷубби Нойӣ (? - Марв – 1567 – 80) — оҳангсоз ва машшоқи тоҷику форс.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Алиҷубби Нойӣ аз ҷавонӣ ба шеъру мусиқӣ шавқи зиёд дошта, баробари ин пешаи косибиро аз худ менамояд. Ӯ дар хаттотию китобат, ороишу тазҳиб низ ном бароварда, бино ба эътирофи муаррих Соммирзо («Тӯҳфаи Сомӣ») чандин девони классикони адабиёти тоҷику форсро китобату ороиш додааст. Алиҷубби Нойӣ асосан аз даромади касби чоҳканӣ таъмини маишат мекардааст.

Алиҷубби Нойӣ мусаннифи асарҳои зиёди мусиқӣ ба мақомҳои «Рост» ва «Ҳусайнӣ» будааст (дар тазмини асари Алии Кормал). Оҳанги «Пешрави Ҳисор» аз ҷумлаи таснифоти маъмули ӯст. Ин асари ӯ бо номи «Пешрави Хоҷа Чортории найгир» низ маъмул аст. Алиҷубби Нойӣ дар санъати навозандагию сарояндагӣ низ шуҳрат дошта, бо бисёр мусиқишиносон дар иҷрою дарки таркиботи илмии мусиқӣ мунозираҳо мекардааст. Ӯ махсусан дар навохтани созҳои чортор маҳорати баланд доштааст. Алиҷубби Нойӣ муддате дар Бухоро зиста, бо Мираки Маҷрӯҳи Чангӣ ва Кавкабии Бухороӣ аз наздик шинос мешавад ва аз онҳо нозукиҳои мақомҳоро меомӯзад. Ӯ дар тазмини зарбу авзони мақомҳо низ асарҳои тоза эҷод намудааст. Алиҷубби Нойӣ инчунин табъи баланди шоирӣ дошта, ғазалро некӯ мегуфтааст.

  • Раҷабов А. Афкори мусиқии тоҷик дар асрҳои XII – XV. — Д., 1989;
  • Раҷабов А. Мусиқии тоҷикон ва анъанаҳои таърихии он дар садаҳои XVI - XVII. — Д., 2007.