Jump to content

Аллювий

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аллювий (лот. alluviō — «обовард») — таҳнишастҳое, ки аз ҷинспораҳои шус таовардаи дарё ва селобҳо, аз ҷумлаи шағал, сангреза, рег, гил пайдо шудаанд (масалан, таҳнишастҳои дарёбод ва суфаҳои соҳили дарё).

Ба аллювий қабатҳои уребхобидаи ҷинспораҳо хос буда, онҳо аз тағйир ёфтани миқдор, суръат ва самти ҷараёни об ба вуҷуд меоянд. Аллювийи дарёҳои ҳамворӣ аз Аллювийи маҷро ва Аллювийи ҳавза иборатанд. Аллювийи дарёҳои кӯҳиро сангҳои калон ва шағал ташкил медиҳанд. Ҷойивазкунии Аллювий дар равандҳои ташаккули маҷрои дарё аҳамияти муҳим дорад. Ҷинспораҳо дар таҳнишастҳои қадимаи Аллювий дар ҳолати мазбутанд (конгломерат, регсанг, аргиллит ва ғайра). Баъзе конҳои тило, платина, минералҳои дигар ва инчунин кони реги сохтмон ба аллювийи маҷроӣ алоқаманданд.