Аловпарак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аловпарак — маросими халқӣ, ки миёни тоҷикон решаи қадимӣ дорад. Моҳияти онро эътиқоду ихлос ба қувваи фавқулодаи оташ ҷиҳати табобати рӯҳӣ ташкил медиҳад. Нафари муътақиди оинҳои халқӣ хоби бад бинад, ё тарсида бошад, ё худро вазнину нороҳат ҳис кунад, субҳи рӯзи чоршанбе (то баромадани офтоб) дар ҷойи аз чашми мардум дур аз хасу хошок се гулхан афрӯхта, се навбат аз болои онҳо ҷаҳида мегузарад. Сипас ба қафо нанигариста рост ба хона меравад. Дар баъзе мавридҳо се маротиба то нимарӯзи чоршанбе ин маросим такрор меёбад. Дар фарҳанги анъанавии мардуми тоҷик маросимҳои бисёре мавҷуд буданд, ки дар меҳвари онҳо оташ қарор дошт. Мутобиқи тасаввуроти асотирии ниёгони тоҷикон оташ яке аз чор унсури муқаддаси табиат буда, дорои нерӯи ғайримуқаррарӣ, сӯзонандаи гуноҳҳо, бартарафкунандаи сеҳру ҷоду ва чашми бад шумурда мешуд. Бо пешрафти илму техника ва тиббу тандурустӣ теъдоди ашхоси муътақид ба аловпарак кам монда, худи маросим қариб аз байн рафтааст. Бо вуҷуди ин дар ҷашнҳои миллӣ (Наврӯз, Меҳргон, Сада) ва маъракаю ҷамъомадҳои мардумӣ (чоршанбесурӣ, нӯкчамонӣ, алас, момогӣ, чароғрӯшан ва ғайра) аз он истифода мебаранд. Дар баъзе деҳоти кӯҳистони тоҷик аловпарак ба бозии бачагон табдил ёфтааст, ки дар тақлид ба калонсолон онҳо оташ афрӯхта, аз болои он ҷаҳида мегузаранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Муродов О., Дар пардаи сеҳру ҷоду, Д., 1990;
  • Раҳимӣ Д., Шугун ва бовариҳои мардумии тоҷик, Д., 2004.
  • Аловпарак/Д. Раҳимов. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷилди I (А-М). – Душанбе, 2015. – 668 с. (тоҷ.) ISBN 978-99947-33-79-8

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]