Меҳргон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Меҳргон (Хатти ниёгон: مهرگان) - яке аз идҳои қадимаи мардуми ориёинажод буда, маҳз бо туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё карда шуд ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар қатори дигар ҷашну идҳо ҳамчун иди миллии кишварамон шинохта шуд.

Истилоҳи Меҳргон[вироиш]

Меҳргон – калимаи сохта буда, аз решаи меҳр ва пасванди ҷамъсози – гон сохта шудааст. Пасванди – гон дар баробари исми ҷамъ сохтан боз хусусияти соҳибият ва ба маҳал вобаста будани ашёро ифода мекунад. Калимаи Меҳргон маъноҳои «меҳрҳо», «соҳибони меҳр», «дорои меҳр», «меҳрубон»-ро ифода намуда, ба манзил ва ҷойи меҳр ишора мекунад. Дар адабиёти гузаштагонамон ин калима инчунин ҳаммаънои Офтоб омадааст. Меҳргон маънои меҳру муҳаббат бастан, рамзи дӯстию рафоқат, бародарию ҳамдигарфаҳмиро низ ифода месозад. Дар истилоҳ Меҳргон номи иди таърихӣ ва миллии мардуми ориёӣ аст. Пайдоиши иди Меҳргон бо анъанаҳои парастиши Офтоб, нур ва гармӣ алоқа дорад. Дар замонҳои қадими тотаърихӣ ва даврони аввали пайдоиши таърихи хаттӣ Худои нур ва Офтобро Митро мегуфтаанд ва пайдоиши ин идро таърихнигорони қадиму нав ва мардумшиносону гоҳшиносон ба ин ном алоқаманд донистаанд. Таърихан Митро (дар забони ҳиндии қадим Mitra, дар «Авесто»- Migra) маънои Худои дӯстӣ, аҳд, ризоият, таҳаммул ва дар аасри сеюми қабл аз мелод ҳамчун Худои Офтоб шинохта шуда будааст. Митроро дар Эрони қадим ба сифати ҳаками тавонгари наҷотбахши байни қувваҳои некӣ (Ҳурмузд) ва бадӣ (Аҳриман) медонистаанд. Баъдтар дар Рими қадим дар зери таъсири дини зардуштӣ ҷараёни митропарастӣ (охири асри якуми то мелод ва аасри дуюми мелодӣ) пайдо мешавад. Дар Арманистони қадим ин калима ба шакли Меҳр– Худои Офтоб, чароғи Осмон ва адолат парастида шуда, хонақои Офтоб дар ш. Гарни (асри якуми м.) ва қурбонихонаи Мхери дур (дари Мхер) дар ш. Ван бунёд карда мешавад. Номҳои армании Мигран,Мгер аз номи худои Меҳр сарчашма дорад, ки маънои офтобӣ, симои нурро дорад. Номҳои миллии халқи тоҷик ҳам то ҳол он номҳои бо меҳр алоқамандро нигаҳ дошта омадааст (Бузургмеҳр, Меҳрангез, Меҳрофарин, Меҳрона ва ғайра). Дар матнҳои суғдӣ ва парфиёнӣ расули (фиристодаи) сеюми дини монивӣ Митро ном дорад. Дар Бобулистон ва Бохтари қадим низ ҷараёни митропарастӣ тараққӣ ёфта будааст. Гузаштагони дури мо–ориёиҳо ва баъдтар бохтарию суғдиҳо дар даврони қадим ғолибони солро дар моҳи боғиёдиш қадрдонӣ мекардаанд. Калимаи «боғиёдиш» дар забони суғдӣ исми моҳ будааст, яъне дар моҳи бағ, моҳи иди Митро – Худои Офтоб ба шарафи пешсафу ғолибони даври худ ид меоростаанд. Калимаи «бағ» дар порсии қадим ба маънои худоён ва баъдтар бо тағйири шакл ба Митро табдил гаштааст. Барои тасдиқи ин фикр муҳаққиқон овардаанд, ки моҳи бобулии «Ташрӣ» - моҳи Шамс, яъне Офтоб будааст. Чуноне ки моҳи тақвими зардуштии «адвор» ҳамон меҳрмоҳро мегуфтаанд ва дар арманҳо номи моҳе, ки муодил (ҳамноми) ин моҳ аст, Маҳкон ном дорад. Дар форсии қадим моҳи иди бағ (ё ба суғдӣ фағ) низ маънои Меҳр – Офтобро доштааст. Як чизи дигар аз таърихи забон ва адабиёт маълум ва аниқ аст, ки рӯзи шонздаҳуми ҳар моҳро низ «меҳр» мегуфтаанд ва гӯё ин рӯзи фариштаи зардуштӣ Фурӯғ будааст. Худи калимаи фурӯғ ҳам маънои равшанӣ, Офтоб ва меҳрро дорад. Иди Меҳргон дар рӯзи шонздаҳуми меҳрмоҳ ҳамчун иди шукронаи Офтоб ҷашн гирифта мешудааст. Ба ин маъно Масъуди Саъди Салмон фармудааст: Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон, Меҳр бифзой, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон! Меҳргон, ҷашни он, мисли идҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод буда, ба ягон дин тааллуқ надорад. Эронинажодон дар қадим танҳо ду фасл доштаанд: тобистон (hama) ва зимистон (zayana). Наврӯз ҷашни оғози тобистон ва Меҳргон ҷашни оғози зимистон будааст. Баъдтар дигар фаслҳо пайдо гаштанду дар асоси тақвимҳо ҳар чоряки сол фасли алоҳидаро ташкил кардааст.Ҷашни Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ҷашни ҷамъоварии ҳосил, муайян намудани маҳсули яксолаи заҳмати мардум, натиҷаи даврони хушкию офтобӣ ва ҳосилзамкунию ҳосилғундорӣ будааст. Дар моҳи меҳр Офтоб ба бурҷи Мизон қарор мегирад. Ба бурҷи Мизон даромадан ва то аз он баромадани Офтоб 1 моҳро (аз 23.09. то 23.10.) ташкил медиҳад. Меҳргон рӯзи меҳри моҳи меҳр, дар санаи чордаҳи моҳи меҳр, мутобиқ ба 8 октябри тақвими маъмули имрӯза ҷашн гирифта мешавад. Ҳанӯз Абӯрайҳони Берунӣ ба иди умумихалқӣ ва миллии ориёиён будани Меҳргон ишора карда гуфта будааст: «Ин ид барои умуми мардум аст». Доир ба пайдоиши иди Меҳргон ривоятҳои гуногун низ то ба мо омада расидаанд. Дар яке аз онҳо омадааст, ки пас аз солҳои тӯлонӣ (ҳазор сол) ҳукм рондани Заҳҳоки Биюросб (Заҳҳоки Морон) ва бо морони майнаи одамхораш зулми зиёдеро ба халқ раво дидани он, халқ ба дод омадаву тоқат аз даст дода ба муқобили ӯ бармехезад ва вориси тоҷу тахти сулолаи қадимаи Пешдодиён Фаридунро ба сари ҳокимият мехонад. Шӯришгаронро Коваи Оҳангар сарварӣ мекард, ки аз дасти Заҳҳок ҷабри бисёре дида буд. Заҳҳок ҳабдаҳ писари ӯро ба қатл расонида, мағзи сари онҳоро ба морони майнахӯраш дода буд. Коваи Оҳангар пешдомани чарминашро ливо карда одамонро барои нобуд сохтани Заҳҳок мебарад. Заҳҳок аз ҳамлаи мардуми озодихоҳу адолатҷӯ мағлуб мегардад. Халқ Заҳҳокро ба кӯҳи Дамованд маҳбас карда, Фаридунро ба тахти меросии аҷдодонаш мешинонад.Аз ҳамон вақт таъбири «дирафши ковиёнӣ» пайдо гаштааст.

Иди Меҳргон дар гузашта[вироиш]

Дар гузашта оид ба тарзи гузаронидани иди Меҳргон анъанаҳои гуногун вуҷуд доштааст. Рӯзи аввали идро “Меҳргони омма” меномидаанд ва ид шаш рӯз давом ёфта, рӯзи охири онро, ки “Ромрӯз” ном доштааст, “Меҳргони хосса” мегуфтаанд.

Ҷашни Меҳргонро ботантана, бо суруду мусиқӣ ва рақсу бозиҳо мегузаронидаанд. Ҳатто шоҳони даврони Ҳахоманишӣ танҳо дар ҳамин рӯз дар ҷашнгоҳ ҳуқуқи рақс кардан доштаанд ва метавонистанд маст шаванд. Дар ин рӯз аз шоҳ то ғулом либоси арғувонӣ (сурх) мепӯшидаанд. Аз даврони Фаридун анъана шуда будааст, ки мардум ба миён рӯймоли махсуси арғувонӣ банданд ва суруд замзама кунанду вақти таом хӯрдан сухан нагӯянд. Шоҳони давр ва ҳокимони вақт ба ҳамдигар ба муносибати иди Меҳргон туҳфаҳо мефиристодаанд. Асосгузори сулолаи Сосониён дар ҳамин рӯз тоҷе, ки дар он сурати Офтоб нақш карда буд, бар сар мениҳод ва ин минбаъд анъанаи мулкдорони Аҷам мегардад.

Овардаанд, ки шаҳрбон (шаҳрдор, ҳоким)–и Арманистон дар ҷашни Меҳргон 20000 той ба расми армуғон ба дарбори Ҳахоманишиён ҳадя фиристода будааст. Шоҳони Сосонӣ Ардашери Бобакон ва Хусрави Анушервон (солҳои ҳукмронияш 531-579) дар он рӯз ба мардум ҳадяҳо медодаанд.

Абурайҳони Берунӣ чандин анъанаҳои иди Меҳргонро махсус қайд намудааст. Аз нақли ӯ маълум мешавад, ки дар даргоҳи подшоҳон ҳангоми таҷлили ин ҷашн анъанае ҷорӣ будааст. Онро нобиғаи ҳамватанамон чунин ба қалам медиҳад: Дар саҳни дарбор марди диловаре ҳангоми тулӯи Офтоб бо овози баланд мегуфтааст:–Эй фариштагон, ба дунёи поин фуруд оед ва шаётину шаррҳоро банду баст кунед ва онҳоро аз рӯйи Замин дафъ намоед!.

Аз рӯйи гуфти Салмони Форс Худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон офаридааст. Аз ин рӯ ин ду айём дар фазл ҳамчун сангҳои пурбаҳои ёқуту забарҷад ҳастанд. Овардаанд, ки Худо Заминро дар ҳамин рӯз офарид ва ба ҷондорҳо ҷон ато карду муқарри (соҳиби) арвоҳ гардонид.

Мардум боварӣ доштанд, ки агар касе дар бомдоди Меҳргон анор бихӯрад ва ё гулоб бибӯяд, офатҳои заминию осмонӣ аз ӯ дур мешудааст. Шоҳону сарварон дар рӯзи иди Наврӯз ба сарбозон либосҳои тобистона медоданд, бо фаро расидани иди Меҳргон сипоҳиёну хидматгузорон ба сару либос ва чизу чораҳои зимистона соҳиб мегаштанд. Давраҳое ҳам будааст, ки бо амри шоҳон рӯзҳои байни иди Меҳргони омма ва Меҳргони хоссаро бо ҳам пайваста чанд рӯз ид мекарданд. Ин навоварӣ дар давраи Ҳурмуз – писари Шопури Сосонӣ ҷорӣ карда шуда, баъдтар ҳатто Меҳргонро як моҳи пурра ид мекардаанд. Анъанае низ роиҷ будааст, ки чун дар маъракаи иди Наврӯз ҳар гуна намоишҳои идонаро, ки рамзи ба худ хоссе доштанд, байни дарбориён ва халқ меоростаанд. Рӯзи Меҳргон дастархоне аз матои сурх (арғувонӣ) мегустурданд ва онро бо нонҳои аз зироати ҳамон сол рӯйида оро медоданд.

Одамон аз ҳафт навъи зироат нон мепухтанд: аз гандум, ҷав, арзан, ҷӯворӣ, наск, биринҷ ва лӯбиё. Гоҳо шумораи навъи онро ба дувоздаҳ ҳам мерасонидаанд: аз қабили

  • найшакар (ё шакар),
  • турунҷ (мевае аз ҷинси лимӯ ва афлесун),
  • себ,
  • биҳӣ,
  • анор,
  • унабӣ (ҷигда)
  • ангури сафед
  • ва меваҳои гуногуни нав хушк кардашуда.


Инчунин рӯйи хон меваҳои тару тоза, шохҳои гулу шакару беду зайтун, анору муруд ва коҷ (навъе аз сарв) мегузоштаанд. Ҳар маводу хӯрокаи болои хон рамзи хосси худро дошт.

  • Шакар – ширин гузаронидани умр,
  • хурмо–серҳосилӣ ва лаззати зиндагӣ,
  • бӯйи хуш,
  • гули нилуфар–ҳатто дар об реша доштан,
  • норгил ё чормағз–сахт будани тан ва сермағзӣ,
  • ҷавзи ҳиндӣ–пурборӣ,
  • муруд–хушии зиндагӣ, пуртоқатӣ ва серборӣ,
  • ҷоми тиллоӣ–шаҳомат, покӣ, баракат,
  • анор–серфарзандӣ,
  • равғани зайтун–хушбӯйӣ.

Дар атрофи дастархон суханони некро оид ба файзу баракат, афзоишу шодмонӣ ва панду андарзҳоро менавиштаанд. Ба шоҳони Сосонӣ рӯйи лаълии калони заррин шакар, ҷавзи ҳиндӣ, хурмои тоза, чормағзи ҳиндӣ ё норгил ва дар ҷомҳои тиллоӣ шири навдӯшида ва машрубот пешкаш менамудаанд. Анъанае низ будааст, ки одамон дар рӯзи Меҳргон ба тани худ равғани бон (зайтун) молида ба наздиконашон гулоб мепошидаанд, то тамоми сол, яъне то Меҳргони нав сиҳату саломат ва сарбаланду зиндагиашон чун гулоб пурнакҳат бошад. Ҷашни Меҳргон дар даврони қадим ва махсусан дар аҳди Сосониён (асри III-VII) хеле тараққӣ карда буд, минбаъд бо тағйири шакл дар аҳди хилофати араб, дар давраи давлатдории Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён дар байни халқ маъруф гашт. Махсусан, дар аҳди Сомониён ин ҷашн бо тантанаи ба худ хос қайд карда мешудааст. Дар адабиёти классикии форсу тоҷик васфи табиат, зуҳуроти он ва аз ҷумла тавсифи иду маъракаҳои таърихию халқӣ мавқеи калон дошт. Махсусан дар давраи аввали Эҳёи Шарқ, яъне дар асрҳои IХ–ХII қисмати аввал (луғз)–и қасидаро ба тасвир ва сифати табиат бахшидан анъанаи маъруф буд дар адабиёти он давр. Дар ин роҳ Рӯдакӣ, Фаррухӣ, Анварӣ, Масъуди Саъди Салмон, Манучеҳрии Домғонӣ, Хоқонии Шервонӣ ва бисёр сухансароёни дигар асарҳои баландмазмун офаридаанд. Дар ҳамин раванд шоирон фаслҳои сол, идҳои қадимаи ориёӣ, аз ҷумла Меҳргонро васф кардаанд ва бо ин восита андешаҳои худро баён намудаанд.

Маъруфии Меҳргонро боз аз он дарк кардан мамкин аст, ки дар таърихи санъати миллии аҷдодонамон сурудҳои мавсимию маросимии “Меҳргони бузург”, “Меҳргони хурд”, “Меҳргонӣ” маълуму машҳур будааст, ки оҳангҳои онро ба Борбади Марвазӣ нисбат медиҳанд. Мутаассифона, баъди а. XVI ду силсиласурудҳои нахустин аз байн рафтаанд ва аз “Меҳргонӣ” чун як гӯшаи сози “Дувоздаҳмақом” танҳо ном мондаасту халос. Дар адабиёти навини тоҷик асарҳо дар васфи фасли тирамоҳи заррин бисёранд. Дар онҳо зебоиҳои табиат, заҳмати марди деҳқон васф шудаанд, аммо маҳз ба иди Меҳргон асарҳо ва ҳатто ишораҳо камандаркаманд.

Меҳргон дар осори адибони гузашта[вироиш]

Доир ба ҷашни Меҳргон инчунин дар сарчашмаҳои хаттии пешина ва осори адибони гузашта маълумоти фаровон омадааст, ки ҳар кадом бо диду андешаи худ аз сифатҳои ин ҷашну оини куҳан хабар додаанд ва онро беҳтарин маросими мардумӣ муаррифӣ намудаанд. Наврӯз ба номи Ҷамшед ва Меҳргон ба номи Фаридун вобаста аст. Дар ин бора дар сарчашмаҳо зиёд ишорат шудааст. Дар «Шоҳнома» омадааст, ки баъд аз Ҷамшед салатанатро Заҳҳоки морон ба даст гирифт, ки дар он замон мардум ба ситам ва азобу азият гирифтор буданд. Хушбахтона, аз насли Ҷамшед абармарде ба номи Фаридун пайдо шуду Заҳҳокро аз сари ҳукумат дур сохт, ки ин дар моҳи меҳр рух дода буд. Мардум аз ин воқеаи нек, аз ин озодӣ ба ваҷд омада, ҷашни бузург баргузор намуданд. Номи ин ҷашнро Меҳргон гузоштанд, ки Фирдавсӣ дар ин бора гуфтааст:

Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор,
Надонист ҷуз хештан шаҳриёр.
Ба расми каён тоҷу тахти меҳӣ,
Биёрост бо кохи шоҳаншоҳӣ.
Ба рўзи хуҷаста сари меҳру моҳ,
Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.
Замона беандўҳ гашт аз бадӣ,
Гирифтанд ҳар як раҳи эзадӣ.
Дил аз довариҳо бипардохтанд,
Ба оини кай ҷашни нав сохтанд.
Нишастанд фарзонагон шодком,
Гирфтанд ҳар як зи ёқут ҷом.
Маи равшану чеҳраи шоҳи нав,
Ҷаҳон гашт равшан сари моҳи нав.
Бифармуд, то оташ афрўхтанд,
Ҳама анбару заъфарон сўхтанд.
Парастидани Меҳргон дини ўст,
Таносониву хўрдан оини ўст.
Кунун ёдгор аст аз ў моҳи меҳр,
Бикўшу ба ранҷ эч манмой чеҳр.
Варо буд ҷаҳон солиён понсад,
Ки нафканд як рўз бунёди бад.[1]


Фирдавсӣ дар ҷойи дигар ҳам аз Меҳргон ёд карда аз ҷумла менависад:

Бикард андар он кўҳ оташкада,
Бад-ў тоза шуд Меҳргон ва сада.

Абурайҳони Берунӣ низ ин гуфтаро таид намуда, дар «Китоб-ут-тафҳим ли авоили санаот-ит-танҷим» навиштааст:

«Меҳргон чист? — Шонздаҳум рўз аст аз меҳрмоҳ ва номаш Меҳр. Ва андар ин рўз Афридун зафар ёфт бар Биюросби Ҷоду, он-к маъруф ба Заҳҳок. Ва ба кўҳи Дамованд боз дошт. Ва рўзҳо, ки сипаси Меҳргон аст, ҳама ҷашнанд бар кирдори он-ч аз паси Наврўз бувад. Ва шашуми он Меҳргони бузург бувад ва Ромрўз ном аст ва бад-ин донандаш»

— Берунӣ Аттафҳим. - Душанбе, 1973, с.144

.

Берунӣ дар китоби дигари худ «Осор-ул-боқия» низ дар бораи Меҳргон бештар сухан ронда бар асоси ривоятҳои машҳури мардумӣ, ки дар манобеи дигар низ дар шаклҳои гуногун ба назар мерасад аз ҷумла гуфтааст:

«Мегўянд, сабаби ин ки ин рўзро эрониён бузург доштаанд, он аст, ки чун мардум шуниданд, Фаридун хуруҷ кардааст. Пас аз он ки Кова бар Заҳҳоки Биюросб хуруҷ намуда буду ўро мағлубу нест карда буд. Ва мардумро ба Фаридун хонд. Кова касест, ки подшоҳони Эрон ба раъияти ў некӣ меҷустанд. Ва байрақи ковиёнӣ аз пўсти хирс буд. Ва баъзе ҳам гуфтаанд: «Аз пўсти шер буда ва онҳо «дирафши ковиён» номиданд, ки пас аз ў ба ҷавоҳиру тиллое зеб карданд»

— Берунӣ «Осор-ул-боқия»

.[2] Ва низ гуфтаанд: «Дар ин рўз фариштагон барои ёрии Фаридун омаданд. Ва дар хонаҳои подшоҳон ин тавр дар ин моҳ расм шуда, ки дар саҳни хона марди диловаре ҳангоми тулўи Офтоб меистад ва ба овози баланд мегўяд:

«Эй фариштагон, ба дунё поин оед ва шаётину шаррҳоро банду баст кунед ва аз дунё ононро дафъ намоед!»

— Берунӣ «Осор-ул-боқия»

.[3] Ва мегўянд, ки дар ин рўз худованд заминро густаронид ва колбудҳоро барои он ки маҳали арвоҳ бошад, офарид. Ва дар соате аз ин рўз фалакофар оҳиста нафас мекашад, ки то ҷасадҳоро парвариш диҳад. Ва мегўянд, дар ин рўз буд, ки худованд Моҳро, ки курае сиёҳ ва бефурўғ буд, баҳо ва ҷило бахшид. Ва бад-ин сабаб гуфтаанд, ки моҳи Меҳргон аз Офтоб бартар аст. Ва фархундатарин соатҳои он, соати Моҳ аст. Салмони Форс мегўяд:

«Мо дар аҳди Зардуштӣ будан мегуфтем, худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврўз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард. Ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқуту забарҷад аст ба ҷавоҳири дигар»….

.

Ба идомаи суханонаш Берунӣ боз гуфтааст:

…Ва ин рўз дар айёми гузашта бо аввали зимистон мувофиқ буд. Ва чун кабисаро эҳмол карданд, пеш афтод. Ва дар мулуки Хуросон ин тавр расм гаштааст, ки дар рўи Меҳргон ба сипоҳиёну хидматгорон чизу чораи тирамоҳию зимистонӣ медиҳанд. Рўзи бисту якум Ромрўз аст, ки онро «Меҳргони бузург» меноманд. Ва сабаби ин ид он аст, ки Фаридун ба Заҳҳок зафар ёфт ва ўро ба қайди асорат даровард. Ва чун Заҳҳокро ба пеши Фаридун оварданд, ёфт ва ўро ба қайди асорат даровар. Ва чун Заҳҳокро ба пеши Фаридун оварданд, Заҳҳок гуфт: «Маро, ба хуни ҷаддат, накуш!» Ва Фаридун аз роҳи инкори ин қавл гуфт: «Оё тамаъ кардаӣ, ки бо Ҷам писари Виҷҳон дар қасос ҳамсару қарин бошӣ, балки ман туро ба хуни гови наре, ки дар хонаи ҷаддам буд, мекушам!» Сипас бифармуд, то ўро банд карданд ва дар кўҳи Дамованд ҳабс намуданд. Ва мардум аз шарри ў роҳат шуданду ин рўзро ид донистанд. Ва Фаридун мардумро амр кард, ки рўмоли махсусе ба камар банданду замзама кунанд ва дар ҳагоми таом сухан нагўянд. Барои сипосгузории худованде, ки эшонро пас аз ҳазор соли тарс бори дигар дар мулки худ тасарруф дод. Ва ин кор дар эшон суннату одат монд.

— Берунӣ «Осор-ул-боқия»

.[4]

Ҳамин ривоятро Асадии Тўсӣ дар «Гаршоспнома»-и худ ба таври зерин тасвир намудааст:

Ҳамон сол Заҳҳокро рўзгор,
Дижам гашту шуд соли умраш ҳазор.
Биёмад Фаридун ба шоҳаншоҳӣ,
Ва з-он морфаш кард гетӣ тиҳӣ.
Сарашро ба гурзи кайӣ кўфт хурд,
Бибасташ ба кўҳи дамованд бурд.
Чу дар бурҷи шоҳин шуд аз хўша меҳр,
Нишаст ӯ ба шоҳӣ сари моҳи меҳр.
Бар ороиши Меҳргон ҷашн сохт,
Ба шоҳӣ сар аз чархи маҳ барафрохт. (Асади Тўсӣ).

Аз гуфтаҳои Берунӣ ва даҳҳо шоиру олимони замони ислом маълум мешавад, ки Меҳргон пас аз ислом низ бо ҳамон шаъну шукўҳи пешини худ таҷлил мегаштааст. Бахусус дар замони Сомониён ба ин ҷашн таваҷҷуҳи махсус дода мешудааст, ки инро метавон аз гуфтаҳои таърихнигорон ва сурудаҳои шоирон, аз ҷумла ин сатрҳои сарвари шоирон, аз ҷумла устод Рӯдакӣ дарк намуд:

Малико, ҷашни меҳргон омад!
Ҷашни шоҳону хусравон омад!
Ҳаз ба ҷои мулҳаму хиргоҳ,
Бадали боғу бўстон омад.
Мўрд ба ҷои савсан омад боз,
Май ба ҷои арғувон омад.
Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,
Май ба бахти ту навҷавон омад.
Гул дигар раҳ ба гулситон омад,
Вораи боғу бўстон омад.
Вори озар гузашта шўълаи ў,
Шўълаи лоларо замон омад. [5].

Дар осори адибони садаи 1Х-Х ва садаҳои баъдӣ дар бораи Меҳргон, ситоиши он, ҷойгоҳи он ишораҳои зиёде мавҷуд аст. Аз ин ишоратҳо маълум мешавад, ки Меҳргон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хосу ом будааст. Ҳоло барои намуна чанд порае аз сурудаи шоирон меорем, ки роҷеъ ба Меҳргон чӣ гуфтаанд:

Шод бошед, ки ҷашни Меҳргон омад,
Бонгу овои дурой корвон омад.
Корвони Меҳргон аз хизрон омад,
Ё аз ақсои билоди Чинистон омад.
На аз ин омад, било на аз он омад,
Ки зи фирдавси барин, в-аз осмон омад.
Меҳргон омад, ҳон, дар бикшоедаш,
Андар оред ва тавозеъ бинмоедаш. (Манучеҳрӣ).

Дар ин таъкиди Манучеҳрӣ ҷашни Меҳргон ҳамчун беҳтари воситаи дилхушии одамон васф шуда, шукуҳу шаҳомати он бо тамоми хусусиятҳои дилкашаш тавсиф шудааст. Дар ин давра низ маълум мешавд, ки одамон бо омадани ҷашни Меҳргон шодию хурсандӣ мекардаанд, сурудхониву базм меоростаанд ва аз барактаи омаданаш шукргузорӣ менамудаанд. Доир ба Меҳргон дар дигар абёти Манучеҳрӣ ва осори Фаррухию Унсурӣ низ ишораҳо омада, адибони мазкур бо муҳаббату меҳр сухан гуфта, самимияти худ ва шоҳони замонашонро ба ин ҷашн аз рўи сидқ ифода кардаанд:

Меҳргон ҷашни Фаридун мулки фаррух бод,
Бар ту эй ҳамчу Фаридун мулк фарухфол. (Фаррухӣ).
Бикшод Меҳргон дар иқбол бар ҷаҳон,
Фархунда бод малики Шарқ Меҳргон. (Фаррухӣ).
Меҳргон омад гирифта фолаш аз некӣ мисол,
Некрўзу некҷашну неквақту некҳол. (Унсурӣ).
Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,
Норинҷу нору арғувон овард аз ҳар ноҳия. (Манучеҳрӣ).

Саъди Салмон бошад, ҷиҳати дигари ин ҷашнро, яъне дорои меҳру шафқат, хайру саховат ва ба ҳамдигар меҳрубон будани одамонро васф карда, бо муҳаббат нигоштааст:

Рўзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр бияфзо эй нигори моҳчеҳри меҳрубон.

На фақат дар адабиёт, балки дар мусиқӣ низ ишораҳо ба ин ҷашн ба назар мерасад. Масалан, дар гузашта бо номи Меҳргон оҳангҳои зиёде сохтаанд. Аз ҷумла Низомӣ Ганҷавӣ дар достони «Хусрав ва Ширин» аз сӣ оҳанги Борбад ёдовар мешавад, ки яке аз онҳо «меҳргонӣ» ном дорад. Ҳамчунин оҳангҳои «Меҳргони хурд», «Меҳргони бузург» низ дар замонҳои пешин шуҳрат доштааст. Дар миёни мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон, дар давраи Давлати Сомониён ба Меҳргон таваҷҷуҳи хос зоҳир мешуд ва он бо шаҳомат ва омодагӣ доир мегашт. Баъдҳо низ то чанд муддат ин ҷашн пойдор монда, баргузор шудани он барои кишоварзон, деҳқонон ва умуман аҳли адабу ҳунар, хурду бузург воситаи хуби хушҳолию хушнундӣ маҳсуб меёфт. То ба имрўз дар байни мардуми тоҷик нишонаҳое аз Меҳргон мавҷуд аст, ки ҳамчун суннати ниёгон дар фасли тирамоҳ нохудогоҳона чун як одати аз ниёгони хеш боқимонда иҷро мегардад. Вале мардум фаромўш кардаанд, ки ин ҳамон нишонаҳое аст аз ҷашни Меҳргон.[6] Дар асри нуздаҳ ва аввалҳои садаи бист дар фасли тирамоҳ, ба хусус дар моҳи октябр, натиҷаи ҷамъоварии ҳосил дар байни тоҷикони Осиёи Миёна бо шодию нишот баргузор мегардид ва ҷашнҳои бошукўҳе барпо мешуд. Тавре ки пирамардони бузургсол нақл менамоянд мардум дар гузашта пас аз ҷамъоварии ҳосил дар меҳмонхонаҳо, сайргоҳҳо, дар бозорҳо хурсандӣ мекарданд. Аз ҳосили ба даст овардаи худ ғизоҳо пухта ҳамдигарро зиёфат менамуданд, ки ин оин имрӯзҳо низ ба назар мерасад.

Устод Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо»-и худ таҳти унвони «Сайри Дарвешобод» ба таври муфассал яке аз ин гуна ҷашнҳоро тасвир намудааст, ки он дар фасли тирамоҳ баргузор мегашт ва ҷашни Меҳргонро ба ёд меорад. Устод Айнӣ бидуни ишорат ба Меҳргон, ба таври муфассал раванди баргузории ин ҷашнро, ки худ дар он ширкат варзидааст тасвир намуда, аз шодиҳо, бозиҳо, сурудхониҳо, шўхиҳои мардум бо самимият ёд карда, онҳоро ҳунармандона ба қалам овардааст. Аз ҷумлаи аввали устод маълум мешавад, ки ӯ ишора ба Меҳргон дорад, вале шояд бо таъсири мароми замон вай ошкоро номи ин ҷашнро нагирифта, васфашро ба қалам овардааст.Чуночи:

«Тирамоҳ шуд, вақти сайри Дарвешобод расид… Сайри Дарвешобод одатан ҳар ҳафта рӯзи сешанбе пагоҳӣ сар шуда, рўзи чоршанбе то чоштгоҳӣ давом мекард..»

[7].

Аз ин гуфтаи устод Айнӣ маълум аст, ки сайри Дарвешобод, яъне Меҳргон чанд ҳафта идом меёфтааст. Айнӣ чӣ гуна ба тамошои сайр рафтанаш ва дидаҳояшро ёдовар шуда, макон ва масоҳати ин ҷашнгоҳро низ шарҳ додааст:

«Мо ба сайргоҳ рафтем. Сайргоҳ дар тарафи ғарбии роҳи калоне буд, ки аз бозори гови Ғиждувон баромада ба тарфи Бухоро мерафт. Ин роҳ аз даҳанаи бозор то мадрасаи Чӯбини Ғиждувон, монанди як хиёбон, васеъ ва рост мерафт. Фақат ду тарафи роҳ бедарахт буд. Дар тарафи ғарабии ин роҳ 10 гектар барин замини чоркунҷа буд, ки сайргоҳ дар он ҷо барпо шуда буд. Ин қитъа ба палҳои яктанобӣ, нимтанобии киштзор ҷудо бошад ҳам, соҳибони он замин дар аввалҳои моҳи сентябр киштҳои худро ғундошта гирифта барои сайргоҳ муҳайё карда буданд ва бо пули иҷорае, ки аз дўкондорони сайр мегирифтанд, зарари кишти барвақт ғундоштаи худро дучанд карда мебароварданд. Ин қитъа сар то сар аз шимол ба ҷануб ба растаҳо ҷудо карда шуда буд. Дар ду тарафи он растаҳо бо бўрё ва ходачаҳо, каппамонанд дӯкончаҳо сохта буданд, ки баъзеи он дӯконҳо чойхона, баъзеашон ошхона, моҳипазӣ ва монанди инҳо буданд»

[8]..

Аз ин тасвири устод Айнӣ баръало мушоҳида мешавад, ки ба ҷашни Меҳргон низ мисли Наврӯз ба таври махсус ва муфассал омодагӣ мегирифтаанд. Устод Айнӣ дар ин ҳикояти саргузаштии хеш – «Сайри Дарвешобод» дар бораи яке аз сайргоҳҳои Меҳргон, ки дар манотиқи дигар низ баргузор мешудааст нақл кардааст. Ӯ зимни нақли худ ёдовар шуда, ки дар сайргоҳ барои мардум дилхушиҳое ба монанди сурудхонӣ, маддоҳӣ (қиссахонӣ), тарфбозӣ (як навъ бозӣ бо оташ), қартабозӣ, ғирғиракбозӣ, мушакҳои коғазӣ, хартозӣ, тагалҷангбозӣ ва амсоли ин баргузор мешудааст. Зимнан барои тафреҳи мардум анвою ақсоми ғизоҳо, ҳалвоҳо, нонҳо пешкаш гардида, дўконҳо, чойхонаҳо низ фаъол будаанд. Пажӯҳандаи фолклори тоҷик Рашид Қодиров дар китоби худ «Назаре ба фолклори тоҷикони вилояти Қашқадарё» дар бораи сайрҳо сухан ронда, аз ҷумла дар бораи «Сайри мазор» ёдовар мешавад, ки дар фасли тирамоҳ баргузор мешуд. Чунин сайру гаштҳо дар тирамоҳ, ки Меҳргонро ба ёд меорад дар Бухоро, Самарқанд, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд, Кӯлоб, Ҳисор, Бойсун ва минтақаҳои дигари тоҷикнишини Осиёи Марказӣ дар охири садаи нуздаҳ ва авоили сади ХХ баргузор мешуд ва ҳоло низ нишонаҳои он аз байн нарафтааст. Мардум аз баракати додаи Худо шукрона намуда, бо хушҳолӣ ба сайру тамошо мебаромаданд, ки чунин лаҳзаҳо ҳоло ҳам дар ёди калонсолон ҳаст.

Дар замони Иттиҳоди Шўравӣ, дар фасли тирамоҳ, дар байни мардум ин ҷашн баргузор мегардид. Вале сиёсатмадорони замон кўшиш намуданд, ки онро ба фоидаи сиёсати худ истифода баранд. Аз ин рў, бо номи «Иди ҳосилот» (ё «Иди ҳосил») дар фасли тирамоҳ дар деҳоту навоҳии Осиёи Миёна, ҷашне бо шодию нишот барпо мешуд ва онро бо карнай сурнай, бо рақсу бозӣ баргузор менамуданд. Аз замонҳои бостон то имрўз дар рўзҳои ҷашни Меҳргон дастархони пурнозу неъмат мегустурданд ва аз гузаштагон бо хушҳолӣ ёд менамуданд.[9]

Эҳёи ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон[вироиш]

Рӯзи 8 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана бахшида ба 80-солагии ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур эълон кард, ки дар баробари иди Наврӯз минбаъд иди Меҳргон рӯзи 8 октябр ҳамчун иди миллӣ дар Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати ба худаш хос ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни Меҳргон, ки имрӯз қонунан эҳё гардида, санаи таҷлилаш аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муайян шудааст, ҳукми иди миллиро дорад. Дар сатҳи мамлакат таҷлили он бо ташкили намоишгоҳҳои дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, қадрдонӣ намудани пешқадамони истеҳсолот, барпо намудани озмунҳои гуногуни соҳавӣ, фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ мувофиқи матлаб аст. [10]

Дар таи чанд соли охир пас аз даҳрўзи аввали моҳи сентябр то моҳи ноябр бо супориши ҳукумати Тоҷикистон бо карнаю сурай, мусиқиву шодӣ, рақсу тарона дар тамоми деҳот, ноҳияҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистон ҷашни Меҳргон ба таври расмӣ бо шаҳомати хеле баланд барпо мегардад. Дар мактабҳо хонандагон, дар донишгоҳҳо донишҷўён тибқи намоишномаҳои махсуси театрӣ барномаҳои ҷаззоберо иҷро менамоянд. Ҳоло, чанд сол аст, ки дар Тоҷикистон ҳар сол ҷашни Меҳргон дар пайванди Истиқлолияти кишвар моҳи октябр таҷлил мегардад. Дар тамоми бозороҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо баъзе шаҳракҳо мардум дастовардҳои кишоварзии соли равонро ба намоиш бароварда, гурўҳҳои ҳунарӣ даста-даста дар фазои озод таронасароӣ менамоянд. Барои харид фурўши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ бароварда мешавад. Бо нархи арзон мардум барои зимистони худ аз ин маҳсулот харид мекунанд. Ҳамчунин дар баъзе ноҳияҳо ва шаҳрҳо намоишҳои махсуси театрӣ бахшида ба Меҳргон баргузор мегардад

Адабиёт[вироиш]

  • Абӯрайҳони Берунӣ. Осор-ул-боқия. - Душанбе,1980;
  • Фирдавсӣ. Шоҳнома. - Душанбе, 1987, ҷ.1;
  • Р.Аҳмадов. «Шод бошед, Меҳргон омад»,рӯзномаи «Ҷумҳурият», 01.10.2005;
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. - Душанбе,1989;
  • Фарҳанги забони тоҷикӣ. М., 1969;
  • Одина С. Идҳои ориёӣ. - Душанбе,2006;
  • Одина С. Меҳргон. - Душанбе,2013;
  • Султонмуроди Одина. Наврӯзи Аҷам. - Душанбе,2013.
  • Д.Раҳимов, Ҷашни Меҳргон. - Душанбе,2012.

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  1. Фирдавсӣ, Д., 1987, с.123-124
  2. Берунӣ, Осор-ул-боқия. - Душанбе, 1990, с.242-244
  3. Берунӣ, Осор-ул-боқия. - Душанбе, 1990, с.242-244
  4. Берунӣ, Осор-ул-боқия. - Душанбе, 1990, с.242-244
  5. Рӯдакӣ. - Душанбе, 1999, с.198
  6. Эҳёи ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон
  7. Айнӣ, Куллиёт. Душанбе, 1962, с.121
  8. Айнӣ, Куллиёт. - Душанбе, 1962, с.123
  9. Эҳёи ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон
  10. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 368-370

]]