Алптегин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Алптегин
Алптегин
Амири давлати Ғазнавиён
10 феврали 961 — 13 сентябри 963
Ҷонишин Абуисҳоқ Иброҳим

Таваллуд 926(0926)
Даргузашт 970(0970)
Ҷинс

Ғазнавиён

Алптегин (926970) — асосгузори давлати Ғазнавиён.

Зиндагинома[вироиш]

Аз ғуломони турктабори давлати Сомониён ва минбаъд сипаҳсолори бузурги Хуросон. Алптегин аз ғуломӣ ва нӯкари қаторӣ то ба мансаби ҳоҷибӣ расид. Замони хурдсолии амир Абдулмалик ҳокимият асосан дар дасташ буд. Алптегин корҳои давлатиро бо маслиҳати вазири аъзам Балъамӣ, ки яке аз дӯстони наздикаш буд, ба иҷро мерасонд. Абдумалик барои суст гардидани мавқеъ ва аз пойтахт дур кардани Алптегин соли 961 ӯро волии Хуросон таъйин кард, вале худи ҳамон сол Мансур ибни Нӯҳ ба тахт нишаста, Алптегинро аз ин вазифа барканор намуд.

Алптегин ҳокимияти Мансурро эътироф накарда, муваққатан ба Балх рафт, лашкар орост ва соли 962 қӯшуни Мансурро шикаст дод. Баъдан ба Ғазна юриш карда, сулолаи ҳукмронро торумор намуд ва ба давлати нави мустақил асос гузошт, ки дере нагузашта ба давлати бузурги Ғазнавиён табдил ёфт. Соли 962 Алптегин аз Балх сӯи Ҳинд ҳаракат карда бахшҳое аз ин сарзамини паҳноварро ба тасарруфи худ даровард ва молиёти зиёдеро бар ҳокимони маҳаллӣ бор кард ва ҳамин сол дар таърих соли таъсиси давлатдории Ғазнавиён маҳсуб мешавад. Пас аз марги Алптегин фарзандаш Исҳоқ ибни Алптегин ба ҷойи падар нишаст, баъди як сол амири пешини Ғазнин – Абуалии Ловие ӯро ронд, вале бо мадади амири сомонӣ Мансур ибни Нӯҳи Сомонӣ дубора ба фармонравоии Ғазнин баргумошта шуд. Пас аз чанде як ғуломи дигари туркзабон – домоди Алптегин Сабуктегин бо барқарорсозии подшоҳӣ дар хонадони худ силсилаи Ғазнавиёнро комилан истиқрор бахшид.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]