Jump to content

Алюминит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Алюминит — вебстерити сунъӣ, минерал, сулфати обии алюминий аз гурӯҳи алюминитҳо.

Сингонияаш моноклинӣ. Рангаш аз сафед то зардчаи сафед. Ҷилояш шишагуни хира. Канораҳояш шаффоф ё ношаффоф. Сахтиаш – 1, зичиаш 1700 кг/м3. Шикасташ ноҳамвори хокӣ. Дар кислотаҳо ҳал мешавад. Алюминит дар натиҷаи таъсири обҳои дар таркибашон кислотаи сулфат дошта (H2SO4) ба моддаи гилдор ба вуҷуд меояд. Конҳои алюминит дар Германия, Чехия, Франсия, Британияи Кабир ва Покистон мавҷуд аст.