Ал-Қонун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

«Ал-қонун фи-т-тиб»-и (Қонун дар тиб (форс. قانون در طب‎) Абӯалӣ Сино - яке аз донишномаҳои бузургтарини соҳаи илми тиб мебошад. Бузуртарин донишномаи ҷаҳон, «Ал-қонун» дар донишгоҳҳои Аврупо то асри XX барои таълими пизишкон истифода бурда шудааст.

«Ал-қонун» соли 1473 дар Милан, ҳамон сол дар олам 15 маротиба, соли 1593 матни арабиаш дар Рим, садаи XV дар шаҳрҳои гуногуни олам 16 маротиба, садаи XVI 20 маротиба ба забони бисёр халқҳо интишор гардидааст.

«Ал-қонун» аз панҷ китоб иборат аст:

  1. Китоби якум – ба фанни тиб, вазифаҳои он, сабаби ба вуҷуд омадани касалиҳои гуногун, табобати ин касалиҳо, воситаҳои ба вуҷуд омадани касалиҳои гуногун, табобати ин касалиҳо, воситаҳои нигаҳдории тандурустӣ бахшида шудааст.
  2. Китоби дуввум – ба олами набототи шифобахш бахшида шуда, дар он 810 намуди дорувориҳо, хусусият ва тарзи истифода бурдани онҳо сухан меравад.
  3. Китоби севвум – оид дар баъзеи аъзои организми одам пайдо шудани касалиҳо, муайян кардан ва табобати ин касалиҳо маслиҳатҳои муфид медиҳад.
  4. Китоби чаҳорум – дар хусуси касалиҳои умумӣ, таб, шуш, табобати ин ҷароҳот ва ѓайра ривоят мекунад.
  5. Китоби панҷӯм – дар хусуси тайёр кардани доруҳои мураккаб маълумот медиҳад.

Донистаниҳо[вироиш]

Тарҷумаи форсиӣ «Ал-қонун фи-т-тиб»-и Абӯалӣ Сино дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.

Дастхати «Ал-қонун фи-т-тиб»-и Абӯалӣ Сино

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.