Jump to content

Амедео Авогадро

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Амедео Авогадро
итол. Lorenzo Romano Amedeo Carlo Avogadro di Quaregna e Cerreto
Таърихи таваллуд 9 август 1776(1776-08-09)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 9 июл 1856(1856-07-09)[1][4][2][…] (79 сол)
Маҳалли даргузашт
Фазои илмӣ Polus of Aegina[d]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Авогадро (Amedeo Avogadro) Амедео (9. 8. 1776, Турин – 9. 7. 1856, ҳамон ҷо) — физик ва химики италиявӣ, узви вобастаи АИ Турин (1819).

Авогадро 9 августи соли 1776 дар шаҳри Турини Итолио таввалуд шудааст. Соли 1792 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Туринро хатм намуда, аз соли 1800 мустақилона ба омӯхтани математика ва физика пардохт. Солҳои 1809 – 19 омӯзгори физика дар литсейи шаҳри Верчелли, 1820 – 22 ва 1834 – 50 профессор физикаи Донишгоҳи Турин. Корҳои илмиаш ба соҳаҳои гуногуни физика ва химия бахшида шудаанд.

Кашвиёти Авогадро

[вироиш | вироиши манбаъ]

Авогадро асосҳои назарияи молекулавиро бунёд гузошта, маводи таҷрибавиро вобаста ба таркиби модда ҷамъбаст намуд, хулосаҳои таҷрибавии ба ҳам зиди Ж. Гей-Люссак ва мазмуни асосии атомистикаи Ҷ. Далтонро дар як система муттаҳид сохт (1811). Соли 1811 қонунеро кашф кард, ки тибқи он дар ҳаҷмҳои якхелаи газҳо, ҳангоми доимӣ будани ҳарорат ва фишор, шумораи молекулаҳо якхелаанд (Қонуни Авогадро). Бо номи Авогадро адади молекулаҳо дар воҳиди миқдори модда (мол) номида шудааст (NA = 6, 022 1023 мол-1). Авогадро усули муайян кардани массаҳои молекулавиро пешниҳод намуда, бори аввал массаҳои атомии оксиген, нитроген, оксиди карбон, хлор ва дигар элементҳои химиявиро дуруст ҳисоб кард (1811 – 20), таркиби бисёре аз пайвастагиҳои ишқорӣ ва металлҳои ишқорзамин, метан, спирти этил ва этиленро нишон дод, якумин шуда ба монандии хусусиятҳои элементҳои химиявии гурӯҳи VA-и Системаи даврӣ (нитроген, фосфор, астат, сурма) аҳамият дод. Солҳои 1820 – 40 Авогадро ба тадқиқоти илмии вобаста ба электрохимия, васеъшавии ҳароратии ҷисмҳо, гармиғунҷоиш ва ҳаҷмҳои атомҳо машғул буд. Авогадро солҳои 1837 – 41 китоби чорҷилдаи «Физикаи ҷисмҳои вазндошта, ё рисола оид ба сохтори умумии ҷисмҳо»-ро ба табъ расонд, ки дар онҳо аз он ҷумла масъалаҳои таносуби ҳаҷмҳо дар реаксияҳои химиявӣ ва вобастагии хосиятҳои кристаллҳо ба сохтору шакли онҳо мавриди баррасӣқарор гирифтаанд.

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Авогадро, Амедео (рус.) // Энциклопедический словарьСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1905. — Т. доп. I. — С. 16. — 956 с.
  3. Чешская национальная авторитетная база данных
  4. 4.0 4.1 4.2 Avogadro, Amedeo, Conte di Quaregna (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 3. — P. 66.
  5. 5.0 5.1 Авогадро Амедео // Авогадро Амедео (рус.) / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.