Аминоқандҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аминоқандҳопайвастҳои органикие, ки дар молекулаашон гурӯҳҳои хоси қандҳо – гурӯҳҳои алдегидӣ (CHO) ё кетонӣ (CO), якчанд гурӯҳи гидроксил (OH) ва як ё ду аминогурӯҳ (NH2) мавҷуд аст.

Силсилаи карбонии аминоқандҳо шоханок ё бешоха мешавад. Чун ҳосилаи моносахаридҳо аминоқандҳо хосияти барқароркунандагӣ доранд, ба ҳамаи реаксияҳои қандҳо дохил мешаванд, хосияти асосҳои органикиро низ зоҳир менамоянд. Аминоқандҳо дар бофтаҳои рустанӣ, ҳайвонот, микроорганизмҳо, дар таркиби сафедаҳои мураккаб ва липидҳо, полисахаридҳо, гликозидҳо, инчунин дар таркиби бисёр гормонҳо, антибиотикҳо ва дигар моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ муҳим низ мавҷуданд. Аминоқандҳои глюкозамин ва галактозамин бештар маъмуланд. Бисёр аминоқандҳо бо роҳи синтез ҳосил карда шудаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]