Аминҳои биогенӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Аминҳои биогенӣ — гурӯҳи пайвастҳои органикии нитрогендор, ки дар организми одам, ҳайвонот, рустанӣ ва бактерияҳо бо роҳи декарбоксилонии аминокислотаҳо, яъне аз молекулаи онҳо ҷудо шудани гурӯҳи карбоксил — СООН ҳосил мешаванд.

Дар организм аминоспиртҳое, ки дар таркибашон боқимондаи пирокатехин (1,2 — дигидроксибензол, катехол) мавҷуд аст (катехоламинҳо), аҳамияти калон доранд. Катехоламинҳо (дофамин, норадреналин, адреналин) дар организм дар натиҷаи мубодилаи моддаҳо ҳосил мешаванд. Баъзе моддаҳои фаъоли биологии табиӣ ва синтезӣ, ки чун дору истифода мегарданд, шабеҳи катехоламинҳо мебошанд (мас., эфедрин, мезатин). Бисёр аминҳои биогенӣ, мас., гистамин, серотонин, норадреналин, адреналин, тирамин ва ғ. ба раванди боздорӣ ва ангезиш, ки дар қишрҳои майна рух медиҳад, таъсир мерасонанд. Баъзе аминҳои биогенӣ дар рӯдаи ғафси одам ва ҳайвонот зери таъсири бактерияҳои фасодзо ҳосил мешаванд, ки барои организм заҳрноканд. Дар организм аминҳои биогенӣ бо унсурҳои биохимиявии ҳуҷайра пайваст мешаванд. Ба раванди мазкур кислотаҳои аденозинфосфат, нуклеинат ва карбогидратҳои калонмолекула (мас. гепарин) таъсири мусбат мерасонанд. Аминҳои биогенӣ дар ҳуҷайраҳо дар ҳолати пайваст дучор меоянд; онҳо фаъол нестанд ва зери таъсири ферменти аминоксидаза қарор намегиранд. Дар маҳсулоти майкашӣ аминҳои биогении гистамин, тирамин, путрессин, кадаверин, фенилэтаноламин мавҷуданд. Истеъмоли майҳое, ки аминҳои биогенӣ доранд, ба организми инсон таъсири манфӣ мерасонанд. Аминҳои биогенӣ асосан аз майҳои гулгун ёфт шудаанд. Дар майҳои сафед миқдори онҳо аз 1 мг/дм3 ва дар баъзе навъҳои майҳои гулгун аз 30 мг/дм3 зиёд нест. Коркарди май бо сорбентҳо боиси кам гаштани аминҳои биогенӣ хоҳад шуд. Барои туршондани шираи ангур аз мояи соф истифода бурдан беҳтар аст, чунки он ба фаъолияти бактерияҳои туршонандаи шир, ки дар пайдоиши аминҳои биогенӣ мақоми асосӣ доранд, роҳ намедиҳад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2017.