Амиралумаро

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Амиралумаро (ар. أمير الأمراء‎‎) — лақаб ва баландтарин мансаби низомӣ, фармондеҳи олӣ, ноиб ё қоиммақоми фармонраво, ки гоҳо ба сурати «мири мирон» низ ба кор рафтааст.

Истилоҳ[вироиш]

Истилоҳи амиралумаро ғолибан ба маънии «амири аслӣ», «сарфармондеҳи олӣ дар сипоҳ» кор фармуда мешуд. Ин вожа дар бархе аз кишварҳои исломӣ, аз даврони Аббосиён, вале дар аҳди мамлукони Миср ба таври хеле васеъ истифода бурда шудааст. Афроде чун Ҳорун ибни Ғариб, Муҳаммад ибни Роиқ (а. 10) аз маъруфтарин амиралумарои таърих будаанд.

Унвони амиралумаро асосан дар бахши Ироқ ва манотиқи ғарбии Эрон бештар мавриди истифода будааст. Чунончи, дар аҳди Оли Буя (Бувайҳиён) лақаби амиралумаро ба таври бисёр васеъ роиҷ гардид ва ҳатто бархе аз шоҳзодгони ин хонадон соҳиби ин унвон буданд. Дар системаи идорӣ ва низомии Салҷуқиён дар радифи вожаи амиралумаро ҳамчунин истилоҳоти «сипаҳсолор» «амири солор», «муқаддаму-л-аскар» ва ғ. низ ба таври васеъ истифода мешудаанд. Амиралумаро дар замони Салҷуқиён қудрати воқеиро дар даст доштааст, яъне соҳибқудрат будани амиралумаро яке аз муҳимтарин хусусиятҳо дар он рӯзгор будааст. Унвони амиралумаро ба маънии «амири сипоҳ» ва ҳокими навоҳӣ дар байни қизилбошони сафавии Эрон низ маъмул будааст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]