Амлок
Зоҳир
Амлок (ар. املاک — ҷамъи мулк) — дар аморати Бухоро молу мулки ғайриманқулаи меросӣ ё харида (замин, об, корвонсарой, ҳаммом ва ғайра), ки ба давлат, вақф ва шахсони алоҳида тааллуқ дошт. Амлокро иҷора додан ва ба тариқи музди меҳнат тақдим кардан мумкин буд, вале аслан амлок барои истифода ба шахсони алоҳида иҷора дода мешуд. Иҷорагир ба соҳиби амлок андоз медод ва дар навбати худ барои кишту кор ва бо мақсади истифодаи амлок чоряккорон, батракҳо ва мардикоронро киро мекард. Дар ҳуҷҷатҳои расмии маъмурию молиявии садаи XIX ва аввали садаи XX заминҳои давлатиро амлок меномиданд.
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.