Амфиболҳо
Амфиболҳо (аз юн.-қад. ἀμφίβολος — гурӯҳи минералҳои ҷинсофарин — пайвастҳои силикатии магний, оҳан, калсий, гоҳо алюминий ва ишқорҳо, ки об, фтор ва хлор доранд. Aормулаи умумии амфиболҳо — AB2C5T8O22W2 [1], дар инҷо
A | _ | Na | K | Ca | Pb | Li | |||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
B2 | Na | Ca | Mn2+ | Fe2+ | Mg | Li | |||
C5 | Mg | Fe2+ | Mn2+ | Al | Fe3+ | Cr3+ | Mn3+ | Ti4+ | Li |
T8 | Si | Al | Ti4+ | Be | |||||
O22 | Оксиген | ||||||||
W2 | (OH) | F | Cl | O2– | |||||
дар ҷои аввал унсурҳои камтар характерноки амфиболҳои истодааст; аломати хатаки поён "_" ҷои холиро ифода мекунад. |
Дар системаҳои моноклинӣ ва ромбӣ кристалл мебанданд. Бештар дар шакли кристаллҳои призмавӣ, сӯзаншакл ва нахмонанд вомехӯранд. Амфиболҳо сиёҳ, сабз, кабуд, сиёҳтоб ва беранг шуда метавонанд. Сахтиашон 5,0 — 6,0; зичиашон 2800 — 3600 кг/м3. Аксар ба таркиби ҷинсҳои метаморфӣ (амфиболит) ва фишонда (габрро, диорит) дохил мешаванд. Ба амфиболҳо минералҳои тремолит, актинолит, глаукофан, арфведсонит, антофиллит ва ғ. мансубанд. Хелҳои маҳиннахи амфиболҳо — амфибол-асбестро (ниг. Асбест) ҳамчун масолеҳи гармию кислотатобовар ба кор мебаранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ IMA report: Nomenclature of the amphibole supergroup (PDF Download Available)(англ.). ResearchGate. 27 августи 2017 санҷида шуд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Амфиболҳо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Амфиболҳо дар Викианбор |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |