Анатаз
Зоҳир
Анатаз (аз юн.-қад. ἀνάτασις — «ҷазб кардан»), октаэдрит — минерал, яке аз се модификатсияи полиморфии табиии дуоксиди титан.
Формулаи химиявиаш TiO2. Дар системаи тетрагоналӣ кристалбандӣ мекунад. Сахтиаш аз рӯи шкалаи минералогӣ 5–6,0, зичиаш 3820 – 3950 кг/м2. Ғашҳои оҳан, баъзан сурб ва ниобий дорад (то 2,16 % Nb2O5). Кристаллҳояш майдаи (то 1 см) нӯгтези дипиримидалӣ ва инчунин лавҳагӣ ё призмавӣ мешаванд. Рангаш сабзи зардчатоб то сиёҳтоб (визерит) ё кабуди хокистарӣ то сиёҳ. Ҷилояш равшан, алмосмонанд. Ҳангоми то ҳарорати 620 – 6500C гарм кардан ба рутил табдил меёбад. Дар «рагҳои» гидротермалии навъи махсуси «алпӣ» дар ҷинсҳои метаморфӣ ва чун маҳсули вайроншавии илменит вомехӯрад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин мақолаи хурд дар бораи минерал ё минералогия аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |