Титан (элемент)
| Титан | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Талаффуз | /t[unsupported input]ˈteɪniəm, taɪ-/[1] | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Номи дигар | titanium | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Вазни атомии муқаррарӣ Ar, std(Ti) | 47.867(1)[2] | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Титан дар ҷадвали даврӣ | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Рақами атомӣ (Z) | 22 | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Гурӯҳ | гурӯҳи 4 | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Давр | даври 4 | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Блок | d-блок | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Категорияи элемент | Металли гузаранда | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Конфигуратсияи электрон | [Ar] 3d2 4s2 | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Электронҳо аз рӯӣ ҷилд | 2, 8, 10, 2 | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Хосиятҳои физикӣ | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Фаза дар ҲФМ | сахт | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Нуқтаи гудозиш | 1941 K (1668 °C, 3034 °F) | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Ҳарорати ҷӯшиш | 3560 K (3287 °C, 5949 °F) | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Зичӣ (наздик ба ҳ.х.) | 4.506 гр/см3 | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| ҳангоми моеъ будан (дар н.г.) | 4.11 гр/см3 | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Ҳарорати гудозиши хос | 14.15 кҶ/мол | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Ҳарорати буғшавии хос | 425 кҶ/мол | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Гармигунҷоиши молярӣ | 25.060 Ҷ/(мол·К) | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Буғи сершуда
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Хосиятҳои атомӣ | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Дараҷаҳои оксидшавӣ | −2, −1, +1, +2, +3, +4[3] (an amphoteric oxide) | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Электроманфиият | Ҷадвали Полинг: 1.54 | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Қувваҳои иондоршавӣ |
| |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Радиуси атом | эмпирикӣ: 147 пм | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Радиуси ковалентӣ | 160±8 пм | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Дигар хосиятҳо | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Сохтори булӯрӣ | hexagonal close-packed (hcp) | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Суръати овоз thin rod | 5090 м/с (дар ҳ.х.) | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Васеъшавии ҳароратӣ | 8.6 µm/(m·K) (дар 25 °C) | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Гармигузаронандагӣ | 21.9 W/(m·K) | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Муқобилияти нисбӣ | 420 nΩ·m (дар 20 °C) | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Тартибории магнитӣ | парамагнетик | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Таъсирпазирии магнитӣ | +153.0·10−6 см3/мол (293 K)[4] | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Модули Юнг | 116 ГПа | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Модули ғеҷонидан | 44 ГПа | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Модули чандирии ҳаҷмдор | 110 ГПа | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Коэффисиенти Пуассон | 0.32 | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Сахтии Моос | 6.0 | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Сахтии Виккерс | 830–3420 МПа | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Сахтӣ аз рӯи Бринелл | 716–2770 МПа | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Рақами CAS | 7440-32-6 | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Таърих | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Кашф | William Gregor (1791) | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Ҷудогузории аввалин | Йёнс Якоб Берселиус (1825) | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Номгузорӣ аз тарафи | Мартин Генрих Клапрот (1795) | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| Изотопҳои асосии титан | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| 22 | Титан
|
47,867 | |
| 3d24s2 | |
Титан (рамзи кимиёвӣ Ti, аз лот. Titanium) — элементи кимиёвии гурӯҳи 4-ум (аз рӯи тақсимоти пештара, зергурӯҳи чорум, гурӯҳи IVB), давраи чоруми ҷадвали даврии унсурҳои кимёӣ, бо рақами атомии 22.
Титан металли нуқрагун, сабук, устувор, ёзандаи мураккабгудоз буда, дар ҳарорати 1933 °C гудохта шуда, дар 3560 °C меҷӯшад. Титан аз рӯи хусусиятҳои табииаш металли абадӣ буда, аввалин бор табиатшиноси инглис У.Грегорӣ (с.1791) дар маҳаллаи Менакан (Корнуолл) намунаи минералҳои титандорро ҷамъ оварда, онҳоро менакан номид. Кимиёшиноси олмонӣ М.Клапрот (с.1795) ин металлро ба шарафи писарони ривоятии Худои Замин – Титан ном дод. Титани металлиро олими рус Д.К.Кириллов (с.1875), баъдан свидиҳо Нилсон ва Петерсон (с.1887) ва кимиёшиносони амрикоӣ Хантер (с.1910) ва Ҳолландӣ Ван-Аркелу де-Бур бо шакли тоза истеҳсол намуданд. Титани тоза металлро ба техника роҳ кушод, алалхусус тозагии металл сифати онро муайян мекунад.

Хӯлаҳои титан аз 3 то 5 маротиба аз хӯлаҳои алюминий ва магний устувортар мебошанд. Ду намуди титан дар саноат истифода мешаванд: ба шакли диоксид (56%), чун пигменти титан барои истеҳсоли лак, ранги сафед (белила) ва сири металл ва дар қоғазбарорӣ чун унсури пуркунанда, истеҳсоли пластмасса, маснуоти резинӣ ва ҳамчун металли сабук, устувор ва ба зангзанӣ тобовар дар саноати авиакоинотӣ истифода мешавад. Дар соҳаи истеҳсоли техникаи ҳарбӣ, асбобҳои талаботи ҳамарӯза ва молҳои варзишӣ (кӯҳнавардӣ, сайёҳӣ, чавгонҳо барои бозии голф), қолиби соату телефонҳо ва айнаки чашм ба кор бурда мешавад. Дар техникаи кайҳонӣ аз хӯлаҳои титан кӯпҳо барои нигоҳ доштани захираи оксиген ва гидроген дар ҳолати ҳарорати аз ҳад зиёд паст тайёр мекунанд. Солҳои охир титан дар тайёрасозӣ, мушаксозӣ, мошинсози, киштисозӣ, реакторҳои ядроӣ истифода мешавад. Титан хосияти кашишхӯрии баланд ва сахтӣ дошта, 0,1% он дар таркиби пӯлод сифати онро баланд мегардонад. Карбиду нитридҳои титан барои тайёр кардани маводи сайқалдиҳанда истифода мешаванд.

Конҳои титан
[вироиш | вироиши манбаъ]Калонтарин конҳои титан дар минтақаҳои ҶАҶ, Русия, Канада, ИМА, Чин, Норвегия, Шветсия, Миср, Австралия, Ҳиндустон, Куриёи Ҷанубӣ, Қазоқистон ҷойгир шудаанд; конҳои парокандаи титан дар Бразилия, Ҳиндустон, ИМА, Сиерра-Леоне, Австралия қарор доранд. Дар байни кишварҳои ИДМ захираи хӯлаҳои титан дар Русия 58,5 % ва дар Укроин 40,2 % мавҷуданд. Кони Ярегское, ки дар қисмати марказии Ҷумҳурии Коми, Федератсияи Русия ҷойгир шудааст, калонтарин кони элементи титан дар Русия мебошад.
Ҷолиб
[вироиш | вироиши манбаъ]
Тоҷе, ки дар болои маҷмааи «Истиқлол» ҷойгир аст, аз титан сохта шудааст.[5]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сбор и обработка вторичного сырья цветных металлов: Учебник для вузов по специальности "Металлургия металлов"/Г. А. Колобов, В. Н. Бредихин, В. М. Чернобаев. – М.: Металлургия, 1993. – 288 с.
Инҷоро ҳам бингаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳаволаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Титан дар Webelements
- Титан дар китобхонаи унсурҳои кимиёвӣ Бойгонӣ шудааст 15 октябри 2007 сол.
- Титан ва хӯлаҳои он

| Ин химия мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- ↑ titanium - definition of titanium in English | Oxford Dictionaries. Oxford University Press (2017).
- ↑ (2016) «Atomic weights of the elements 2013 (IUPAC Technical Report)». Pure and Applied Chemistry 88 (3): 265–91. doi:10.1515/pac-2015-0305.
- ↑ Andersson, N. (2003). «Emission spectra of TiH and TiD near 938 nm». J. Chem. Phys. 118 (8). doi:10.1063/1.1539848. Bibcode: 2003JChPh.118.3543A.
- ↑ Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics. Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. pp. E110. ISBN 0-8493-0464-4.
- ↑ www.asiaplustj.info/tj/
