Анвар Сулаймонов
Сулаймонов Анвар Асрорович | |
Таърихи таваллуд | 31 август 1941 |
Зодгоҳ | Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон |
Таърихи даргузашт | 30 апрел 2004 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Шаҳрвандӣ | Тоҷикистон |
Анвар Сулаймонов (Сулаймонов Анвар Асрорович 31 августи 1941, гуз. Тошкандии Самарқанд — 30 апрели 2004, Душанбе) — аввалин наттоқи телевизиони Тоҷикистон, «Аълочии телелевизион ва радиои тоҷик» (1989). узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (аз соли 1986), узви Иттифоқи киноматаграфистони Тоҷикистон Тоҷикистон (аз соли 1988).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Анвар Сулаймонов Бахши форсии факултети шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1963), шуъбаи рӯзноманигори факултети кадрҳои идеологии Университети марксизм-ленинизми назди кумитаи ҳизбии ш. Душанберо хатм кардааст (1976). Наттоқи Кумитаи телевизион ва радиои назди Совети Вазирони Тоҷикистон (1960—1965), тарҷумон дар яке аз сохтмонҳои шӯравӣ дар Афғонистон (1965—1967), мушовири Радиои Афғонистон (1968—1983), директори Радиои тоҷик дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Совети Вазирони Тоҷикистон ва сипас Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон(1983—2004). Бо орден ва медалҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва Афғонистон мукофотонида шудааст.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Сомонаи aslunasl.tj Рӯзҳои ёдбуд дар моҳи август/ Сулаймонов Анвар Асрорович(пайванди дастнорас)
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 31 август
- Зодагони соли 1941
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Самарқанд
- Даргузаштагони 30 апрел
- Даргузаштагони соли 2004
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Ходимони телевизиони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон