Андезин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Андезин
Формула (Na,Ca)Al(Si,Al)3O8
Физические свойства
Цвет Серый, жёлтый, красный, светло-зеленый
Цвет черты Белый
Блеск Стеклянный
Прозрачность Прозрачный до полупрозрачного
Твёрдость 6 - 6,5
Спайность Совершенная
Излом Неровный, раковистый; хрупок
Плотность 2,7 г/см³
Сингония Триклинная

Андезин (англ. andesine, олмонӣ: Andesin) — минералест аз гурӯҳи плагиоклазҳо, ки 30—50 % зарраҳои албитӣ дорад.


Андезин минерали ҷинсҳои магмавии таркибашон миёна аст (андезитҳо, диоритҳо ва ғайра). Системаи кристаллбандиаш триклинӣ. Кристаллҳои андезин кам вомехӯранд, одатан, донаҳояш шакли нодуруст доранд. Рангаш хокистарӣ, ҷилояш шишагун. Сахтиаш аз рӯи шкалаи минералии Моос 6—6,5, зичиаш 2670 кг/м3 мебошад. Андезинро барои сохтани маснуоти сафолии ба кислота тобовар дар саноати химия ба кор мебаранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]