Ҷиллиан Андерсон
англ. Gillian Anderson | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | англ. Gillian Leigh Anderson |
Таърихи таваллуд: | 9 август 1968[1][2][3][…] (56 сол) |
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпешаи телевизион, бозигари синамо, коргардони филм, филмноманавис, садопеша, фаъоли ҳуқуқи башар, овозхон, ҳунарпешаи театр, таҳиякунандаи телевизиюнӣ |
Корнома: | 1986 — то ҳол |
Ҷоизаҳо: |
Screen Actors Guild Award for Outstanding Performance by a Female Actor in a Drama Series[d] (1996) Screen Actors Guild Award for Outstanding Performance by a Female Actor in a Drama Series[d] (1997) British Independent Film Award for Best Performance by an Actress in a British Independent Film[d] (2000) Primetime Emmy Award for Outstanding Lead Actress in a Drama Series[d] (1997) |
IMDb: | ID 0000096 |
gilliananderson.ws(англ.) | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҷиллиан Андерсон (англисӣ: Gillian Anderson; зод. 9 август 1968[1][2][3][…], Чикаго[4]) - ҳунарпешаи синамои ИМА.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷиллиан Андерсон (англисӣ: Gillian Anderson) 9 августи соли 1968 дар наздикии шаҳри Чикаго, ИМА ба дунё омадааст. Вале ӯ дар ин ҷо аз сабаби корашро дигар кардани падараш дер иқомат накардааст. Баъд аз Чикаго, оилаи онҳо аввал ба Пуэрто-Рико ва баъд аз чанд муддате ба Лондон кӯчид, ки дар ин шаҳр айёми ҷавонии Ҷиллиан гузаштааст. Ҳарчанд ки ӯро дар мактаб хуб напазируфтанд, ба ӯ Лондон маъқул шуд. Бозгашт ба ватанро Ҷиллиан бо дили нохоҳам қабул кард.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Касби ҳунарпешагиро Ҷиллиан ҳанӯз дар мактаб сар карда буд. Ӯ дар ин ҷо узви маҳфили дӯстдорони санъати синамо буд. Баъд аз хатми мактаб Ҷиллиан ба мактаби театрии Гудмани Донишгоҳи Чикаго дохил мешавад. Пас аз гирифтани маълумот ӯ ба Ню-Йорк меравад ва дар театрҳои номаъмул ҳунарпешагӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ маҷбур мешуд, ки барои ёфтани маблағ дар тарабхонаҳо пешхизмат шуда кор кунад. Дастоварди аввалини Ҷиллиан Андерсон дар ҷодаи театр намоишномаи "Absent Friends" буд, ки барои он ӯ соли 1991 соҳиби Ҷоизаи Ҷаҳонии Театр (Theatre World Award) гардид.
Бори аввал дар синамо, Ҷиллиан соли 1992 бо филми камхарҷи "Гардиш" (The Turning, 1992) баромад кард, ки дар байни тамошобинон он қадар шуҳрат наёфт. Дар аввал ӯ намехост, ки дар телесериалҳо нақш офарад, вале пас аз як соли бекорӣ маҷбур шуд, ки дар чанде аз телесериалҳо ҳунарнамоӣ кунад.
Сарварони ширкати "Fox Network", ки ба лоиҳаи нави худ "X-Files" (дар Тоҷикистон дар шакли “Секретные материалы” машҳур шуда буд), ҳунарпеша мекофтанд, мехостанд, ки дар нақши агент Скалли ҳамроҳи Дэвид Духовнӣ (ҳунарпешаи нақши Малдерро зуд ёфта буданд – Духовнӣ, ҳарчанд ки он замон ситораи санъати синамо набуд, вале аллакай дар телесериалҳо таҷрибаи бойеро андӯхта буд) ягон ҳунарпешаи машҳур ба мисли Памела Андерсон бозӣ кунад. Онҳо номзадии кадом як Ҷиллиан Андерсонро ба ҳеч ваҷҳ қабул накарданд. Вале коргардон ва роҳбари лоиҳа Крис Картер дар интихоби худ устувор буд ва сарварони ширкати "Fox" маҷбур шуданд, ки Андерсонро барои санҷиш даъват кунанд.
Баъд аз баромадани қисмҳои аввали "X-Files" сериал хеле маъмул гардид ва Ҷиллиан Андерсон дар тамоми дунё ҳаводорони зиёдеро пайдо намуд. Вале баъд аз он ки Ҷиллиан бо арт-директори лоиҳа Клайд Клотс пинҳонӣ дар иёлати Гавайи хонадор шуд ва пас аз як моҳ ҳомиладор буданашро баён кард, ояндаи иштироки ӯ дар сериал зери шубҳа буд.
Ширкати "Fox" намехост, ки филми нав дар байни тамошобинон маъмул гардидаашро қатъ кунад ва ба ҷои Ҷиллиан ҳунарпешаи дигареро мекофт. Вале Крис Картер боз устуворона тарафи Ҷиллианро гирифт ва Андерсон қариб, ки 9 моҳ ба пуррагӣ ба нақшофаринӣ машғул шуд. Он чизаш аҷиб буд, ки ягон нафар аз тамошобинон чизеро пай набурданд.
Клайда Клотсро чанде пас аз кор ронданд, ҳаёти оилавии онҳо низ бо Ҷиллиан дер давом накард. Муносибатҳои ҳунарпеша бо Крис Картер ҳам оҳиста – оҳиста бад шуданд. Ӯ чанд маротиба кӯшиши тарк кардани сериалро кард, вале боз бар мегашт. Ӯ намехост, ки танҳо бо ин нақшаша машҳур бошад, вале чӣ коре, ки Ҷиллиан Андерсон дар синамо накард, ӯ дар хотири тамошобинон чун агент Скалли боқӣ монд…
Филмҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
- ↑ 2.0 2.1 Whitney B. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 3.0 3.1 https://www.noosfere.org/livres/auteur.asp?NumAuteur=2147198614 (фр.) — 1999.
- ↑ 4.0 4.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #11943931X // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ Единый государственный реестр юридических лиц — 1988.
- Pages using the JsonConfig extension
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 9 август
- Зодагони соли 1968
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Зодагони Чикаго
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Ҳунарпешазанҳо аз рӯи алифбо
- Ҳунарпешазанҳои синамои ИМА
- Ҳунарпешазанҳои телевизиони ИМА
- Ҳунарпешазанони асри ХХ
- Ҳунарпешазанони асри ХХI
- Коргардонҳои синамои ИМА
- Ҳунарпешазанҳои театри ИМА
- Садопешазанҳои ИМА