Андози сарикасӣ
Зоҳир
Андози сарикасӣ (русӣ: поду́шный нало́г) — намуди андоз дар Русияи асрҳои 18—19, ки аз ҳамаи мардон (аз кӯдак то мӯйсафед) ситонда мешуд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Онро соли 1724 Пётри I ҷорӣ кард. Дар як вақт барӯйхатгирии аҳолии андозсупоранда гузаронда, арзиши андози сарикасӣ муайян карда шуд (ғайри дворянҳо ва рӯҳониён). Барои нигоҳ доштани армияи сершумор Пётри I бо укази худ аз 28 ноябри 1718 фармон дод, ки шумораи мардони ба хидмати армия даъватшаванда, шумораи ротаву полкҳои аз онҳо ташкилшаванда ва музди миёнаи онҳо дар давоми сол муайян карда шавад. Андози срикасӣ аз 1 январи 1887 дар қаламрави Русия бекор карда шуда, танҳо дар Сибир ситонда мешуд. Нигар низ Ҷизя.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Андози сарикасӣ / М. Холов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин мақолаи хурд аз таърихи Русия аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |