Jump to content

Андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт — чунин пардохти пулие мебошад, ки меъёри андоз мутобиқи намудҳои воситаҳои нақлиёт чудо карда шуда ва ба ҳисоби як қувваи асп ба иқтидори муҳаррик ба буҷаи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Андоз ба буҷа бояд дар ҳамон муҳлатҳое пардохта шавад, ки барои гузаштани бақайдгирӣ ё муоинаи ҳарсолаи техникии нақлиёти худрав муқаррар гардидаанд.[1]. Андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт як намуди андози ҳатмӣ буда, пурра ба буҷети маҳаллӣ ворид мегардад.

Супорандагони андоз

[вироиш | вироиши манбаъ]

Супорандагони ин андоз ҳамаи шахсони соҳиби воситаи нақлиёте мебошанд, ки дар воҳидҳои бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Объекти андозбандӣ ҳама гуна воситаи нақлиётест, ки дар гурӯҳи 87 (таҳти рамзҳои 8702 — 8705, 8711)-и номгӯи молии фаъолияти хориҷии иқтисодӣ зикр ёфтааст. Аз пардохти андоз инҳо озоданд: мошинҳо ва механизмҳои тасмачарх; комбайнҳои муҳаррикдори ғаллағундорӣ ва махсус, аз ҷумла комбайнҳои пахтачинӣ; автобусҳо ва троллейбусҳое, ки корхонаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи омма барои мусофиркашонӣ дар шаҳрҳо истифода мебаранд; мотоколяска ва автомобилҳои бо даст идорашавандаи ба маъюбон таалуқдошта; як автомобил новобаста аз иқтидори муҳаррик, ки моликияти Қаҳрамони Иттифоқӣ Советӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, шахсоне, ки дорандаи ҳамаи се дараҷаи ордени Шараф, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани солҳои 1941 — 45, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиётҳои ҳарбӣ доир ба муҳофизати СССР, собиқ партизанҳо ва ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил мебошанд. Манбаи андоз иқтидори муҳаррики воситаҳои нақлиёт мебошад, ки бо воҳидҳои қувваи асп ифода ёфтааст. Меъёрҳои андоз вобаста ба намуди воситаҳои нақлиёт тафриқабандӣ шудаанд ва дар як сол аз 2,5 фоиз (барои мотосикл ва моторолерҳо) то ҳадди аксар — 13,75 фоиз (барои автомобилҳои боркаши иқтидори борбардориашон зиёда аз 40 тонна)-ро ташкил мекунанд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 49