Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард
Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард — чунин намуди андози ҷумҳуриявӣ мебошад, ки интиқоли мол, иҷрои кор ва хидматрасонӣ, ки таҳти андозбандӣ аз андози арзиши иловашуда қарор меёбанд, объекти андозбандӣ маҳсуб мешаванд. Давраи андозсупорӣ, муҳлати пардохт ва тартиби пешниҳод намудани декларатсия ба онҳое, ки дар мавриди андози арзиши иловашуда истифода мешаванд, монанданд.[1].
Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгардро ҳамчун шакли алоҳида ҳамаи корхонаҳои резидентӣ ва хориҷие, ки ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ба буҷет месупоранд. Инчунин як қисми соҳибкорони инфиродӣ, ки бо андози даромад, андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурӯши чакана андозбандӣ карда мешаванд, супорандагони ин намуди андоз мебошанд. Меъёри он асосан дар ҳаҷми 2 фоизи манбаи андоз муқаррар карда мешавад. Барои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминот ва фурӯш 0,5 фоизи манбаи андоз муқаррар карда шудааст. Манбаи андоз бо роҳи ҷамъ кардани ҳамаи хароҷоти дар давраи ҳисоботии андоз кардашуда дар ҳаҷми пурра, бо дарназардошти маҳдудиятҳо бо хароҷот ҳисоб карда мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 49
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард / С. Ҳабибов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.