Jump to content

Анзурат Саидмуродова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анзурат Саидмуродова
Анзурат Саидмуродова
Таърихи таваллуд 25 сентябр 1945(1945-09-25)
Зодгоҳ Самарқанд , ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС
Таърихи даргузашт 20 октябр 2007(2007-10-20) (62 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрологияи АИ Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти давлатии тиббии Самарқанд, ИҶШС

Анзурат Саидмуродова (25.09.1945, шаҳри Самарқанд – 20.10.2007, Душанбе) - пизишки амрози ҷигар. Пизишки терапевт ва эндоскописти дараҷаи олӣ. доктори илми тиб (2004)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Анзурат Саидмуродова 25.09.1945, д.Туркманқишлоқи шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст, Ҳамсари профессор Неъматулло Усмонов. Инстиути давлатии тиббии Самарқанд ба номи И.П. Павловро хатм кардааст (1970). Дар ординатураи клиникии кафедраи терапияи госпиталии Институти мазкур аз рӯи ихтисоси «бемориҳои дарунӣ» ба кор пизируфта шудааст (1970-1972). Аспиранти кафедраи ҷарроҳии госпиталии Инстиутути давлатии тиббии Самарқанд, ки баъдан ба Институти тадқиқиқотии илмии гастроэнтерологияи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон равон карда шудааст (1972-1975). Ходими хурди илмӣ (1975-1985), ходими калони илмии шуъбаи эндоскопияи Институти мазкур (1985-1992), ассистенти кафедраи пропедевтикаи бемориҳои дарунии №1 (1996-1997), ассистенти кафедраи «Духтурони дорои таҷрибаи умумӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд (1997-2000), мудири шуъбаи Лабораторияи эндоскопия ва тибби лазерии Институти тадқиқиқотии илмии гастроэнтерологияи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар мавзӯи «Характеристикаи эндоскопии ҳолати сурхрӯдаи беморони мубталои сиррози ҷигар ва гипертензияи порталӣ» таҳти роҳбарии илмии академики Фарҳангистони улуми Тоҷикистон профессор Мансуров Ҳ.Ҳ. рисолаи номз. ва соли 2004 дар мавзӯи «Эндоскопияи комплексии ташхис ва табобати патологияи системаи панкреатобилиарӣ» таҳти роҳбарии академики Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Мансуров Ҳ.Ҳ. ва Меъроҷов Ғ.К. рисолаи доктори ҳимоя кардааст. Муаллифи зиёда аз 90 асару мақолаи илмӣ. Иштир. фаъоли конгрессу симпозиум ва конф. ватанӣ ва хориҷӣ, ки Институти тадқ. илмии гостроэнтрология Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ташкил кардааст.[1]

  1. Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе, 2013. – С. 114. ISBN 978-99947-958-2-6