Анизотропия (гиёҳшиносӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Анизотропи́я (аз юн.-қад. ἄνισος — нобаробар ва τρόπος — самт) — дар ботаника, қобилияти мавқеъҳои гуногунро ишғол кардани узвҳои ҳамон як рустанӣ, ки ҳангоми таъсири якхелаи омилҳои муҳити беруна рух медиҳад. Масалан, дар вақти аз як тараф равшанӣ додан, нӯги навдаҳо ба ҳамон тараф хам мешаванд, баргҳо бошанд, ба самти рушноӣ ба таври амудӣ ҷой мегиранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]