Анортозит
Анортози́т (аз фр. anorthose — плагиоклаз), лабрадорит, плагиоклазит — ҷинси кӯҳии донадори гурӯҳи габбро.
Қариб 80 — 90 % аз плакиоглаз таркиб ёфта, каме сливин, пироксен, магнетит, титаномагнетит ва ғайра дорад. Рангаш аз сафед то хокистарранги баланд мешавад. Зичиаш — 2710-3050кг/м3. Мувофиқи сол анортозии марҳилаҳои гуногуни ташаккули Замин (2 — 4 млрд сол) ва марҳилаи устуворшавии платформаҳои қадимро фарқ мекунанд (1,7 — 2 млрд сол). Охирӣ тасмаи анортозитии бузургро ташкил медиҳад, ки аз ғарб платформаи Европаи Шарқиро иҳота мекунад. Анортози яке аз қадимтарин ҷинсҳои қишри Замин мебошад. Ғайр аз ин амсилаҳои анортозии заминӣ дар таркиби хоки Моҳ вомехӯрад. Тахмин меравад, ки анортози нахустин моддаи дар қишри Замин кристаллизатсияшуда аст, ки боиси оғози рушди ҷинсҳои кӯҳӣ гаштааст. Ҷуссаҳои бузурги анортози дар минтақаҳои истихроҷи ҷинсҳои кӯҳии қадимтарин вомехӯрад. Анортози ҳамчун маводи кошинкорӣ ва ороишии биноҳо истифода мегардад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Анортозит // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Анортозит дар Викианбор |
Ин мақолаи хурд дар бораи ҷинси кӯҳӣ аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |