Jump to content

Наврӯз (ансамбл)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ансамбли «Наврӯз»-и ДМТ)
Ансамбли «Наврӯз»

Ансамбли «Наврӯз» дар Донишгоҳ (соли 1965) бо ташаббуси Амонқул Холиқназаров таъсис ёфтааст. Аз соли 1965 то имрӯз Амонқул Холиқназаров роҳбарии ансамбли «Наврӯз»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дорад. Cоли 1966 аввалин бор иди Наврӯз дар Донишгоҳ бо ташаббуси ансамбли «Наврӯз» чун иди миллӣ ҷашн гирифта шуда то имрӯз ҷашн гирифта мешавад.

Барномаҳои консертии ансамбли «Наврӯз» дар бисёр чорабиниҳо ва фестивалҳои дохили кишвар ва берун аз он, ба монанди: Германия, Полша, Туркия, Юнон, Малта, Австрия, Руминия, Италия, Испания, Гана, Того, Бенин, Нигерия, Либиё ва ИҶШС сазовори баҳои баланд гаштааст. Ансамбл иштирокчии барномаи фарҳангии маросими ифтитоҳ ва ҷамъбасти бозиҳои 22 байналхалқии олимпи (Москва-1980), лауреати фестивали 12 умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён (Москва,1985)ва диг. низ буд

  • Марди хирад. - Душанбе,2012