Jump to content

Амонқул Холиқназаров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Амонқул Холиқназаров
Амонқул Холиқназаров
Амонқул Холиқназаров
Амонқул Холиқназаров
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 19 август 1942(1942-08-19)
Зодгоҳ Панҷакент
Таърихи даргузашт 5 октябр 2021(2021-10-05) (79 сол)
Маҳалли даргузашт Шаблон:Деҳаи Мадм
Кишвар Тоҷикистон
Пеша(ҳо) навозанда
Ҷоизаҳо лауреати мукофоти Совети Вазирони ИҶШС (1983), барандаи мукофоти собиқадори меҳнати ИҶШС (1986), лауреати мукофоти комсомоли ҶШС Тоҷикистон (1979), «Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон» (1987), нишони «Аълочии фарҳанги ҶТ», унвони фахрии «Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон» (1988), медали "20 - солагии баровардани Ӄувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС аз Афғонистон (2009), медали "50 - солагии Ғалабаи ИҶШС дар Ҷанги бузурги ватани" (1995), медали " Маршал Г. Жуков"(1995), ордени «Дӯсти» (2002)
Амонқул Холиқназаров
Ҷашнвораи А. Холиқназаров. Амонқул Холиқназаров ва ректори ДМТ Фозил Тоҳиров

Амонқул Холиқназаров (таваллуд 19 июли 1942, вафот 5 октябри 2021) — роҳбари ансамбли «Наврӯз»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Амонқул Холиқназаров 19 июли соли 1942, дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Соли 1964 ба сифати нозири шуъбаи маданияти комиҷроияи ш. Панҷакент фаъолият намудааст. Сипас, соли 1965 ба факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил гардид, Баъди хатми Донишгоҳ, солҳои 1969—1972 ба ҳайси инструктори шуъбаи таблиuотию маданй ва оммавии назди КМ Комсомолии Тоҷикистон ва солҳои 1972—1974 ба ҳайси инспектори раёсати санъат дар Вазорати маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо ташаббуси Холиқназаров дар Донишгоҳ ансамбли «Наврӯз» (соли 1965), хонаи маданияти донишҷӯён (соли 1975), осорхона (соли 1998) ва шуъбаи фарҳанг (соли 2005) ташкил шудааст. Аз соли 1965 то имрӯз Холиқназаров роҳбарии роҳбари ансамбли «Наврӯз»- и Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дорад. Дар баробари ин, соли 1966 аввалин бор иди Наврӯз дар Донишгоҳ бо ташаббуси ӯ чун иди миллӣ ҷашн гирифта ва то имрӯз ҷашн мегиранд.

Фаъолияти эҷодӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Барномаҳои консертии бо роҳбарии А. Холиқназаров мураттабшуда дар бисёр чорабиниҳо ва фестивалҳои дохили кишвар ва берун аз он, ба монанди: Олмон, Полша,Туркия, Юнон, Малта, Утриш, Руминия, Итолиё, Испониё, Гана, Того, Бенин, Ниҷерия, Либиё ва ИҶШС сазовори баҳои баланд гаштааст. Ӯ иштирокчии барномаи фарҳангии маросими ифтитоҳ ва ҷамъбасти бозиҳои 22 байналхалқии олимпи (Маскав-1980), лауреати фестивали 12 умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён (Маскав, 1985).

  • Ифтихорномаи Шӯрои марказии умумишӯравии иттифоқҳои касабаи ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон,
  • Ифтихорномаҳои Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ,
  • «Аълочии Ҷамъияти дониш»-и ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон,
  • лауреати мукофоти Совети Вазирони ИҶШС (1983),
  • барандаи мукофоти собиқадори меҳнати ИҶШС (1986),
  • лауреати мукофоти комсомоли ҶШС Тоҷикистон (1979),
  • дипломдори Фестивалм умумиҷаҳонии ҷавонон ва студентон дар Маскав — 1985,
  • «Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон» (1987),
  • дорандаи нишони «Аълочии фарҳанги ҶТ»,
  • «Ифтихорномаи фахрии Президиуми Шӯрои олии ҶШС Тоҷикистон» (1988),
  • унвони фахрии «Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон» (1988),
  • Лауреати мукофоти Иттифоқҳои касабаи байнамилалӣ (1997),
  • медали "20 — солагии баровардани Ӄувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС аз Афғонистон (2009),
  • медали «50 — солагии Ғалабаи ИҶШС дар Ҷанги бузурги ватани» (1995),
  • медали « Маршал Г. Жуков»(1995),
  • ордени «Дӯсти» (2002) мушарраф гардидааст.
  • Марди хирад. — Душанбе,2012