Бенин

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи


Ҷумҳурии Бенин
République du Bénin
Flag of Benin.svg Coat of arms of Benin.svg
LocationBenin.png
Шиор: «Fraternité, Justice, Travail
(фр.: Бародарӣ, Адолат, Меҳнат»
Суруди миллӣ: «L'Aube Nouvelle»
Рӯзи истиқлолият {{{Рӯзи истиқлолият}}} (аз Франсия)
Забони расмӣ фаронсавӣ
Пойтахт Порто-Ново, Котону[1]
Шаҳри калонтарин Котону
Идораи давлат Ҷумҳурии президентӣ
Президент Яи Бони (Yayi Boni)
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
99-ум ҷой дар ҷaҳон
112 620 км²
1,8 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2005)
  • Зичӣ
94-ум ҷой дар ҷaҳон
7 460 025
66 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2004)
  • Ба сари аҳолӣ
141-ум ҷой дар ҷaҳон
7 916 млн. $
1 060 $
Пули миллӣ франк КФА
Интернет-Домен .bj
Коди телефон +229
Соат UTC +1
  Қасри президент, ҳукумат ва сафоратхонаҳои мамолики хориҷӣ


Ҷумҳурии Бенин (фаронсавӣ: République du Bénin), Бенинкишварест дар Африқои Ғарбӣ. Ба халиҷи Бенин баромад дорад Халиҷи Гвинея. Аз шимол бо Буркина-Фасо ва Нигер ҳамсарҳад аст, дар шарқ — бо Нигерия, дар ғарб — бо Того.

Аҳоли[вироиш]

Қариб 6,1 млн. одам. 60 миллат, аз ҳама сершумораш эвеи шарқӣ, ки ба онҳо халқиятҳои фон (тақр. 65%), дагомей, барба, сомба, йоруба ва ғайра мансубанд.

Таърих[вироиш]

Аз асри XVII соҳили Бенин ва манотиқи атрофи он ба минтақаи фурӯши ғуломон дар Африқо табдил ёфта буд.

Дар асри XVII дар ҳудуди кунунии Бенин давлати феодалии Дагомея ташкил ёфт.

Аз соли 1893 — мустамликаи Фаронса. Соли 1904 ба ҳайати Африқои Ғарбии Фаронса ҳамроҳ карда шуд.

Аз соли 1958 — ҷумҳурии худмухтор дар ҳайати Ҷамъияти Фаронса.

Аз 1 август соли 1960 — кишвари мустақил бо номи Ҷумҳурии Дагомея.

Аз 30 ноябр соли 1975 — Ҷумҳурии Халқии Бенин, аз марти соли 1990 — Ҷумҳурии Бенин.

Бахшбандии кишварӣ[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Вилоятҳои Бенин

Бенин 12 вилоят дорад.

  1. Алибори
  2. Атакора
  3. Атлантик
  4. Боргу
  5. Коллинес
  6. Донга
  7. Куффо
  8. Литторал
  9. Моно
  10. Оуеме
  11. Платеау
  12. Зу

Дин[вироиш]

Пайравони оину мазҳабҳои маҳаллӣ — тақр. 70%, насрониён — 15%, мусулмонон — 13%.

Ҷуғрофия[вироиш]

Кишвар аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ба панҷ минтақаи табиӣ ҷудо шудааст: минтақаи соҳилӣ, минтақаи плато («Ла терре де барре»), платои баланд бо саваннаи ҷангалдор дар шимол, минтақаи теппадор дар шимолу ғарб («Атакора») ва ҳамвориҳои ҳосилхези Нигер дар шимолу шарқ. Масоҳати умумии кишвар 110,6 ҳазор км. кв.

Иқлим[вироиш]

Дар шимол субэкваториалӣ, дар ҷануб экваториалӣ, бо ду мавсими боронгарӣ (аз март то июл ва аз охири сентябр то ибтидои ноябр). Дар ин муддат 800—1300 мм борон меборад ва намнокии ҳаво хеле баланд аст. Ҳарорати миёнаи моҳона аз +24 °С то +27 °C аст. Дар шимоли кишвар ду мавсими муайян ҳаст — хушк (аз декабр то апрел-май) ва боронӣ (аз июн то ноябр). Ҳарорати миёнаи январ +25 °C, июл +32 °C, боришот нисбат ба ҷануб камтар — 750—1250 мм., баъзе солҳо хушксолӣ ҳам ҳаст.


Пайвандҳои беруна[вироиш]

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа аксҳое дар бораи ин мавзӯъ дорад:

Шаблон:Африқо

*