Jump to content

Зебо Аминзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зебо Аминзода
Аминзода Зебо Муҳиддиновна
Таърихи таваллуд 3 октябр 1948(1948-10-03) (76 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша ҳунарпешаи балет, балетмейстер, ҳунарпеша, хореограф
Падар Муҳиддин Аминзода
Ҷоизаҳо
Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон— 1980 Артисти халқии СССР— 1986

Зебо Аминзода (Аминзода Зебо Муҳиддиновна; 3 октябри 1948, Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон) — раққоса ва балетмейстери тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1980). Ҳунарпешаи халқии ИҶШС (1986).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зебо Аминзода 3 октябри соли 1948 дар ш.Хуҷанд ба ҷаҳон омадааст. Духтари шоир ва танбӯрнавози чирадаст Муҳиддин Аминзода. Нозукиҳои рақсро аз модаркалонаш Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон Кароматхон Зокирова ва модараш Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон Ойдина Усмонова омӯхтааст.[1] Хатмкунандаи Омӯзишгоҳи хореографии Маскав (1962) (аз 9 солагӣ таҳсилашро оғоз намудааст) дар назди Театри Калони ИҶШС ва Мактаби олии рақсу хореографии Тошканд (1965) аст. Инчунин соли 1980 Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Кировро хатм кардааст.[2] Солҳои 19651978 — ҳунарпешаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А. Пушкини шаҳри Ленинобод [3]. Роҳбари бадеӣ ва сарбалетмейстери ансамбли «Зебо»-и Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ (1978-1993), муовини раиси Шӯрои Вазирони ҶТ (1993-1994), намояндаи Тоҷикистон дар ширкати радио – телевизионии «Мир» (1994-2003). Аз соли 2004 раҳбари ансамбли рақсии «Гулрез».

Ансамбли давлатии рақсии «Зебо»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ 11 майи соли 1979 ансамбли давлатии рақсии «Зебо» назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (пештар Кумитаи телевизион ва радиои назди Совети вазирони ҶШС Тоҷикистон) таъсис дода буд. Зебо Аминзода, ки дар он вақт вазифаи роҳбари ансамблро ба уҳда дошт, дар асоси озмун 25 нафар духтаронро интихоб намуда, баъдан 10 нафар духтарони зебою истеъдодноктарин ба ансамбл қабул шуданд. Солҳои 19781993 Зебо Аминзода — роҳбари бадеии Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (пештар Кумитаи телевизион ва радиои назди Совети вазирони ҶШС Тоҷикистон[4]. Ӯ чунин рақсҳои дилчаспро ба саҳна ворид намудааст: «Ҷавонӣ», «Туёна», «Чӯпонӣ», «Занг», «Санам», «Боди сабо», «Дар чаман», «Муноҷот», «Вохӯрӣ» ва диг. Репертуари ансамбл аз рақсҳои халқии тоҷикӣ, афғонӣ, эронӣ, озарбойҷонӣ, русӣ, ҳиндӣ, уйғурӣ, ӯзбекӣ ва дигарҳо иборат буд. Ансамбли рақсии «Зебо» тайи якчанд сол на фақат дар Тоҷикистон балки дар ҳудуди собиқ ИҶШС ва берун аз он машҳур гардида, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ кард. Ансамбли мазкур ҷоизи мукофоти Комсомоли ленинӣ гардида, соли 1986 роҳбари он унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии ИҶШС касб намуд.[5].

Солҳои 19931996 Зебо Аминзода — раиси Шӯрои координатсионии телерадиокомпанияи "Мир". Солҳои 19962003 — мушовири Раиси МТРК «Мир», Кумитаи иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии ИДМ (Межгосударственный экономический комитет Экономического союза СНГ) буд. Дар ш. Москва истиқомат мекард.

Соли 2012 Зебо Аминзода ба Тоҷикистон баргаштааст ва дар назди Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ дастаи рақсии кӯдаконаи "Зебо"-ро таъсис намудааст. Соли 2014 Зебо Аминзода боз барои таъсиси ансамбли рақсии «Зебо» ба Душанбе даъват карда шудааст. Ҳоло роҳбари бадеии ансамбли давлатии рақсии «Зебо»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[6] Ансамбли «Зебо» ҳоло машҳур шудааст. Зебо Аминзода Соли 2015 бо якчанд раққосаҳои ансамбл ба Умон сафар карданд. Зебо Аминзода аз зумраи саршиносони касбии тоҷик ба ҳисоб рафта, саҳмаш дар рушди санъати волои тоҷик беназир мебошад. Ӯ дар рақси миллии тоҷик таҳаввулоти бузург ворид сохт ва имрӯз даҳҳо шогирдонаш идомадиҳандаи кори ӯ мебошанд. Дар давоми 55-соли фаъолияти ҳунариаш Зебо Аминзода шогирдонашро ба устодии рақс расонидааст.[7]

Аминзода дорои эҳсоси баланди дарки мусиқӣ ва маҳорати олии санъати рақсӣ буда, ҷиҳатҳои нозуки рақси миллии тоҷикиро ба воситаи иҷрои ҳаракатҳои мавзун ифода кардааст. Аминзода унсурҳои балети классикиро бо рақси миллӣ ва халқӣ устокорона омезиш дода, ба бозёфтҳои тоза муваффақ шудааст. Рақсҳои бисёркасаи таҳия намудааш пурмаъно, дилчаспу хотирмон буданд. Рақсҳои «Вохӯрӣ», «Санам», «Ҷавонӣ», «Туйёна», «Чӯпонӣ», «Занг», «Дар чаман», «Муноҷот», «Орзу» ва ғ. аз бозёфтҳои тозаи санъати Аминзода мебошанд. Аминзода ҳамчунин дар чандин спектаклҳо («Комде ва Мадан»-и З. Шаҳидӣ, «Ашрофпараст»-и Ж. Молер, «Рамаяна»-и Н. Гусева, «Лӯлидухтар Аза» ва ғайра) нақшҳои асосиро (бо рақсаш) бозидааст. А. ба бисёр шаҳрҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, кишварҳои дунё: Афғонистон (1966, 1972, 1981, 1984), Булғория (1968), Англия (1981), Шри-Ланка (1978), Тунис (1981), Ҷопон (1984), Испания (1986) сафари ҳунарӣ намудааст. Дорандаи ҷоизаи Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён дар София (1968), Мукофоти Комсомолии Ленинии Тоҷикистон (1968) ва умумииттифоқ (1982, ҳамроҳи ансамбли «Зебо»). Бо медали ҷашнии «Барои меҳнати шуҷоатнок», ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И. Ленин ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.[1]

  • Народные артисты СССР. В 2-х тт. / Авторы-составители М. В. Музалевский и В. Л. Иванов. — М.: РИЦ «Кавалер», 2007.