Антара ибни Шаддод
Зоҳир
ар. عنترة بن شداد العبسي | |
Таърихи таваллуд: | 525 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 608 |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | арабӣ[1] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Антара ибни Шаддоди Абсӣ (ар. عنترة بن شداد العبسي; 525, Наҷд — тақр. 615) — шоири араб.
Осори боқимонда
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз Антара девоне иборат аз 1500 байт ва як қасидаи муаллақа (79 байт) боқӣ мондааст. Ашъораш аз васфи ҷасорату корномаи майдони ҳарб, ғазалҳои ишқӣ ва мадҳӣ иборат аст. Дар қасидааш, асосан покии тинати инсон, олиҳимматӣ, озодихоҳию мардонагӣ тараннум шудааст. Азбаски Антара савори нотарс ва ҷанговари баҳодуре будааст, ба қаҳрамони ривоятҳои халқӣ табдил ёфта, дар охири садаи X ба унвони «Сирати Антара» дос тоне ҳам дар бораи ӯ ба вуҷуд омадааст. Асари мусиқии машҳури композитори рус Римский-Корсаков, ки «Антара» ном дорад, ба ҳамин шоир бахшида шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Антара ибни Шаддод // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.