Антей
![]() | |
Пол | мард |
Отец | Poseidon[d] |
Мать | Гея |
Супруг(а) | Tinjis[d] |
![]() |
Анте́й (юн.-қад. Ἀνταίος) — яке аз персонажҳои асотири Юнони Қадим, писари Посейдон ва олиҳаи Замин Гея. Паҳлавони азимҷусса, ҳокими кишвари Либиё. Душманонро ба ҷанги тан ба тан даъват карда, ҳамеша ғолиб меомад. Ӯ дар ин тарзи набард мағлубнопазир буд, чунки вай аз замин нерӯ мегирифт. Аз замин-модар канда шудани Антей заволи ӯ буд. Ҳеракл дар набард пойи Антейро аз замин канда, ӯро хафа карда кушт. Дар пештоқи маъбади Ҳеракл дар Фива набарди Ҳеракл ва Антей тасвир шудааст.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Антей // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.