Антракноз
Антракноз (аз юнонӣ antrax — ангишт ва nosos — касалӣ), қарасон — як навъ касалии занбӯруғии рустанӣ.
Ҳангоми антракноз дар баргу пояи рустанӣ захм, донача ва доғҳои сиёҳтоб пайдо мешаванд. Баъзан гирди захм сурх шуда, миёнаи он дар натиҷаи ҳосил шудани спораҳо ранги гулобӣ, норанҷӣ ва сафедча мегирад. Антракнозро занбӯруғҳои номукаммали ҷинси Gloeosporium, Colletotrichum ва Kabatiella ба вуҷуд меоваранд. Спораҳои антракноз дар ҳарорати 20 — 24° инкишоф ёфта, дар ҳарорати аз 28 — 30° баланд инкишофи онҳо суст мегардад. Зағир, рустаниҳои лӯбиёӣ, зироати полизӣ, қот, бектошӣ, ангур, себ, бодом, тамашк, чормағз, ситрусиҳо ва ғайра аз антракноз зарар мебинанд. Барои аз антракноз пешгирӣ намудани зироат фақат тухмии солим ва ба антракноз тобовар мекоранд, кишт ва ғунучини ҳосилро ҳарчи тезтар анҷом дода, заминро тоза нигоҳ медоранд; киштгардонро дуруст ба роҳ мемонанд. То оғози инкишофи спораҳо навдаҳои касали дарахту буттаҳоро бояд бурида сӯзонд; алафи аз антракноз зарардидаро дарав карда мепартоянд. Тухми зироатро пеш аз кишт бо гранозан ё меркуран безарар кардан лозим аст. Ба киштзор ва дарахтҳо (3 — 4 маротиба дар мавсим) маҳлули бордос, ба буттаи қот ва бектошӣ (2 — 3 маротиба дар мавсим) хлороксиди мис ва динитробензол мепошанд. Баҳор ва тирамоҳ захмҳои буттаи токро бо даҳани фаранг безарар карда, 2 — 3 маротиба хлороксиди мис ё синеб пошидан судманд аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Антракноз // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Антракноз. Вебсадовод (2017). 29 май 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 май 2018.
- Антракноз малины. Вебсадовод (2017). 29 май 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 май 2018.
- Антракноз смородины и крыжовника. Вебсадовод (2017). 29 май 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 май 2018.
Ин мақолаи хурд дар бораи зистшиносӣ аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |