Jump to content

Арабшиносӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Арабшиносӣ (ар. الاستعراب‎) — илмест аз маҷмӯи улуми инсонӣ, ки омӯзиши ҳамаи паҳлуҳои зиндагии халқ ва кишварҳои арабро дар гузашта ва имрӯз, аз ҷумла таърих, забон, илм, фарҳанг, адабиёт, иқтисод, ҷуғрофия, мардумшиносӣ, тамаддун, ҳуқуқ, фиқҳи исломӣ ва ғайраро фаро мегирад[1].

Истилоҳи арабшиносӣ, илми арабшиносӣ дар ибтидои садаи XVII дар Аврупо пас аз нашри китоби олими ҳолландӣ Т. Эрпенипус оид ба сарфу наҳви забони арабӣ пайдо шудааст[2]. Дар асрҳои 17 — 18 маркази асосии он Рим, Париж, Лейден буданд. Аврупоиҳо на танҳо ба таъриху тамаддуни кишварҳои арабӣ, балки барои ривоҷу равнақи робитаҳои дипломатию тиҷоратӣ ва тавсеаи таблиғоти мазҳабӣ дар байни мардуми Шарқ таваҷҷуҳ доштанд. Маълумоти парокандае, ки оид ба таърих ва ҷуғрофияи таърихии араб ҷамъоварӣ шуда буд, аз ҷониби шарқшиносони англис Э. Покок ва фарансавӣ Б д' Эрбело мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд. Дар охири садаи XVIII арабшиноси олмонӣ И. Я. Рейске қатъан изҳор кард, ки арабшиносӣ набояд бо омӯзиши фиқҳу илоҳиёт маҳдуд бошад, балки доираи таҳқиқи он васеъ гардад, яъне таъриху тамаддуни кишварҳои араб чун ҷузъи ҷудонашавандаи таърих ва тамаддуни ҷаҳонӣ омӯхта шавад. Дар садаи 19 — ибтидои садаи 20 арабшиносони Европа Силвестр де Саси, Ж. Бело (Франсия), К. Каспари (Норвегия), У. Райт, Э. Лейн (Англия), Г. Флейшер, Т. Нёлдеке, К. Брокелман, Т. Фрейтаг, Х. Вер (Германия), Я. Ҳолиус дар тадқиқи сарфу наҳв ва луғатшиносии арабӣ, И. Голдсиер (Венгрия), Р. Николсон (Англия), К. Брокелман (Германия) дар соҳаи адабиётшиносии арабӣ комёбиҳо ба даст оварданд. Дар садаи 19 — ибтидои садаи 20 дар Европа омӯзиши сарчаИМАҳои арабии дар китобхонаҳо маҳфузбуда авҷ гирифт; дар ин кор арабшиносон И. Я. Рейске, Ф. Вюстенфелд, Т. Нёлдеке (Германия), Р. Дози (Голландия), Марголиус (Англия). А. Шпренгер (Австрия) ва дигарон саҳм доштанд. Олимони номбурда ва баъзе арабшиносони дигар ба таҳлилу тадқиқи сарчаИМАҳо, бозгӯи таърихномаҳову солномаҳои арабӣ машғул шудаанд. Аксар арабшиносони Европа исломро чун омили асосии тараққидиҳандаи ҳаёти ҷамъиятӣ ва фарҳангии арабҳо мешумурданд, аз ин рӯ ба омӯзиши масоили дин, давлат ва ҳуқуқ таваҷҷуҳ доштанд. Дар А.-и замони навин олимон Ж. Сомаже, Леви — Провансал К. Каэн (Франсия), Д. Девнес, Б. Люис, Т. А. Гибб (Англия), А. Поляк, Д. Айалон (Исроил), К. А. Наллино, Э. Росси (Италия), Т. Кампфмейер (Германия), Ч. Адамс, Ҷ. Хейворт — Дэнн, Ш. Исавӣ, Ф. Хитти (ИМА) ва дигарон ба масоили инкишофи иҷтимоию иқтисодии кишварҳои араб, тадқиқи паҳлуҳои гуногуни забон, адабиёт ва фарҳанги муосири араб таваҷҷуҳ менамоянд. Аксар нуктаҳову масъалаҳои арабшиносӣ дар «Доирату-л-маорифи ислом» (Лейден, 1908 — 38, ба забонҳои англисӣ, франсавӣ, немисӣ, туркӣ нашр шудааст) матраҳ гардидаанд.

Арабшиносӣ дар Русия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Арабшиносӣ дар Русия бо нашри китоби сарфу наҳв ва матнҳои мунтахаби арабӣ, ки соли 1827 А. В. Болдирев омода карда буд, оғоз ёфт. Дар рушди арабшиносии рус саҳми В. Р. Розен бузург аст. Асосҳои арабшиносии русро В. В. Бартолд, А. Е. Кримский, И. Ю. Крачковский гузоштанд. Ба сабаби он ки доираи таҳқиқоти арабшиносии рус васеъ аст, он ба шохаҳои ҷудогона — омӯзиши забон ва адабиёт, таърих ва фарҳанг, иқтисодиёт ва сиёсат, масоили муосир, таърихи наву навтарини кишварҳои араб, ҳаракатҳои мардумӣ ва иттиҳодияҳои сиёсию динӣ тақсим шуд. Ташаккули ҷомеаи феодалиро дар Арабистон, пайдоишу сайри таърихии ислом, таъриху фарҳанг ва тафаккури ҷамъиятии арабҳоро дар асрҳои миёна ва нав Е. А. Беляев, Н. В. Пигулевская, А. Ю. Якубовский, И. П. Петрушевский ва дигарон, раванди инкишофи сармоядориро дар муҳити мустамликадорӣ ва муборизаи миллии озодихоҳиро дар кишварҳои араб А. М. Шомӣ, Х. И. Килберг, А. М. Голдобин, Л. Н. Котлов, Т. И. Мирский, С. Р. Смирнов, Н. А. Иванов, Р. Г. Ланда, Н. С. Луская ва дигарон омӯхтаанд. Арабшиносони рус И. Ю. Крачковский, М. А. Салйе, А. П. Ковалевский, Т. А. Шумовский, П. Г. Булгаков, П. А. Грязневич, А. Б. Холидов ва дигарон ба тарҷума ва нашри осори хаттии асримиёнагии арабӣ, омӯзиши сиккаҳо ва сангнавиштҳои арабӣ (В. А. Крачковская), адабиётшиносӣ, таърихи адабиёти қадим ва муосири араб (И. Ю. Крачковский, В. И. Беляев, И. М. Филштинский, Б. Я. Шидфар, А. Б. Куделин, К. В. Оде-Василйева, А. А. Долинина, Д. И. Юсулов ва диг.), забоншиносӣ, сарфу наҳви забони арабӣ, лаҳҷашиносӣ (А. А. Ковалев, Ю. И. Завадовский, Н. Б. ЮИМАнов, Д. В. Семёнов ва дигарон), мураттабсозии луғатҳои арабӣ — русӣ, русӣ- арабӣ (Х. К. Баранов, Г. Ш. Шарбатов, В. М. Борисов ва дигарон), таърихи арабҳои Осиёи Марказӣ (Г. В. Серетели, И. Н. Винников) машғул шудаанд. Масъалаҳои арабшиносӣ дар собиқ ИҶШС ва ҳоло дар Русия дар Институти шарқшиносии АИ Русия, Шуъбаи санктпетербургии он, Институти Африка, Институти мардумшиносӣ ва фаласафаи АИ Россия таҳқиқ мешаванд. Марказҳои арабшиносӣ дар Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон низ мавҷуданд.

Ҷомеашиносони араб дар пешрафти илми арабшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Асарҳои олимон, адибон, таърихнигорон ва ҷомеашиносони араб низ барои пешрафти илми арабшиносӣ мусоидат намудаанд (Рашид ал-Барровӣ, Абдурраҳмон ар-Рофиъӣ, Муҳаммад Сабрӣ, Ҷавод Алӣ, Иброҳим Абду, Раиф Хурӣ, аш-Шофиӣ, Комил Айёд ва дигарон). Дар осори ин олимон ақоиди дуИМАнонаву ғаразноки баъзе муҳаққиқони Аврупо, Америка раду инкор гардида, арзишҳои миллии арабию исломӣ зери ҳимоят гирифта шудаанд.

Дар омӯзиши мероси пурғановате, ки ба забони арабӣ офарида шудааст, намояндагони бисёр халқҳо, аз он ҷумла намояндагони илму адаби форс-тоҷик Ибни Муқаффаъ, Имом Бухорӣ, Абуҳайёни Тавҳидӣ, Абубакри Хоразмӣ, Абумусои Хоразмӣ, Абунасри Форобӣ, Абузайди Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абубакри Розӣ, Насируддини Тусӣ саҳми арзанда доранд. Осори онҳоро арабшиносони дунё меомӯзанд. Арабшиносӣ ҳамчунин мероси илмию фарҳангии халқҳои ғайриараб, аз ҷумла осори шоирону адибони форс-тоҷикро, ки ба забони арабӣ навишта шудаанд, мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Арабшиносӣ дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Тоҷикистон нахустин марказҳои забон ва адабиёти араб ба охири солҳои 50 садаи XX рост меояд. Соли 1958 Шуъбаи шарқшиносии АИ ҶТ бо бахши арабшиносӣ ва кафедраи забонҳои Шарқи ДМТ таъсис ёфтанд, ки пурсамар фаъолият доранд. Дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марказҳои дигари арабшиносӣ дар ДДХ ва Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба кор шурӯъ карданд. Арабшиносони тоҷик дар таҳқиқоти худ ба асарҳои классикони арабшиносӣ Х. Д. Френ, Н. А. Медников, В. Ф. Гиргас, В. Р. Розен, А. Е. Кримский, И. Ю. Крачковский ва дигарон такя мекунанд.

Дар барпо намудани илми арабшиносии муосири тоҷик донишмандон С. Айнӣ, Б. Ғафуров, А. Мирзоев, В. П. Демидчик, Ҳ. И. Наққош саҳми бузург доранд. Дар рисолаҳои илмии Т. Бердиева, Ф. А. Исаева, Х. К. Муъминов, С. Сулаймонӣ, А. Ҳоҷиев, К. Мусофиров, А. Имомов, Н. Ғиёсов, Ғ. Ҷӯраев ва дигарон масъалаҳои гуногуни забони арабӣ ва таълими он, таъсири забони арабӣ ба забони форсии тоҷикӣ ва баръакс, лаҳҷашиносии тоҷикию арабӣ баррасӣ шудаанд. Аз дастовардҳои муҳимми арабшиносии тоҷик тарҷума ва нашри Қуръони карим, «Саҳиҳ»-и Имом ал-Бухорӣ, «Таърих» ва «Тафсир»-и Табарӣ мебошад, ки дар ин кор М. Умаров, Ф. Бобоев, С. Шаҳобуддинов иштирок кардаанд. Арабшиносони тоҷик эҷодиёти адибону шоирони асрҳои миёна ва муосири араб, эҷодиёти шифоҳии мардуми араб, драматургияи арабиро мавриди омӯзиш қарор додаанд (С. Шукроева, М. Ш. Ҳусейнзода, А. Юлдошев, У. Ғаффорова, Н. А. Қаҳҳорова, Ф. А. Деҳотӣ, С. Н. Ниёзов, К. Мусофиров, А. Имомов ва дигарон). Яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои арабшиносии тоҷик омӯзиши робитаҳои адабии Арабу Аҷам дар замони гузашта ва ҳозира, тадқиқи мероси шоирон, адибон, муҳаққиқони эронинажод, ки ба арабӣ навиштаанд, мебошад (Т. Н. Мардонӣ, А. Абдусаттор, Н. Зоҳидов, У. Ғаффорова, Н. Ҳамробоев, Х. А. Мақсудов ва дигарон). Арабшиносони тоҷик С. Шаҳобуддинов, К. Бекзода, А. Ҳоҷиев, Т. Мардонӣ, С. Сулаймонӣ, К. Аскардаев ва дигарон осори Абуалӣ ибни Сино, Абубакр ибни Закариёи Розӣ ва дигаронро тарҷума карда ба табъ расондаанд. Арабшиноси тоҷик Ғ. Ғоибов ба тадқиқи сарчашмаҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ ва илмию адабии ба арабӣ нигошташуда машғул аст.

  1. Арабистика // БРЭ. — Т. 2. — М., 2005.
  2. Густерин П. Становление востоковедения как науки. Бойгонӣ шудааст 23 сентябри 2015  сол.
  • Крачковский И. Ю. Очерки по истории русской арабистики / Акад. И. Ю. Крачковский; Академия наук СССР. — М.; Л.: Изд-во Академии наук СССР, 1950. — 300 с. — (Итоги и проблемы современной науки). — 6 000 экз. (в пер.)
  • Шарбатов Г. Ш., Арабистика в СССР, М., 1959;
  • Мардони Т., Арабистика в Таджикистане (Советский период). Арабистика в Таджикистане (Период Независимости), дар кит. Мардони Т., Арабско-таджикские литературные связи. История и современность (Сборник статей), Д., 2006
  • Шумовский Т. А. У моря арабистики // М. — Наука. — 1975.
  • Густерин П. О подготовке арабистов и исламоведов в российских вузах // Высшее образование сегодня. — 2009. — № 9.
  • Густерин П. Н. А. Медников и его роль в истории арабистики // Православный Палестинский сборник. — Вып. 107. — М., 2011.
  • Густерин П. Об актуальных задачах российской арабистики // al-Moutawasset. — 2012. — № 14.