Аркадий Гайдар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Аркадий Гайдар
Stamp Ag2.JPG
Ном ба ҳангоми таваллуд: русӣ: Аркадий Петрович Голиков
Таърихи таваллуд: 9 (22) январ 1904[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 26 октябр 1941(1941-10-26)[2][1][3][…] (37 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: русӣ[1]
Ҷоизаҳо:
Order of the Patriotic War 1st class ордени «Нишони Фахрӣ»
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викисанбор

Арка́дий Петро́вич Гайда́р (номи хонаводагии аслӣ — Го́ликов; 9 (22) январ 1904, Лгов, губернияи Курск — 26 октябри 1941, назди рустои Лепляво, ноҳияи Канев, вилояти Черкас) — нависанда, муаллифи асарҳо барои бачагон ва филмноманависи рус.

Зиндагинома[вироиш]

Аз оилаи омӯзгор. Омӯзишгоҳи шаҳри Арзамасро хатм намуда, соли 1918 ихтиёрӣ ба Артиши Сурх омад. Дар 17-солагӣ фармондеҳи полк буд. Соли 1924 захмӣ шуда, аз артиш канора гирифт.

Эҷодиёт[вироиш]

Нахустин асари адабияш — повести «Дар рӯзҳои шикасту пирӯзӣ» (1925). Ҳикояҳову повестҳои «РВС» (1925), «Мактаб» (1930; шарҳиҳолӣ), «Сирри ҳарбӣ», ки қиссаи «Сирри ҳарбӣ ва писарак — Кибалчиш» низ марбути он аст (1935), асарҳои романтикианд оид ба Инқилоби Октябри соли 1917 дар Русия. Муаллифи повестҳои «Кишварҳои дур» (1932), «Пиёлаи кабуд» (1936), «Чук ва Гек» (1938), трилогияи «Темур ва командаи ӯ», «Коменданти қалъаи барфӣ», филмномаи «Савганди Темур» (1940). Мавзӯи аслии осори Аркадий Гайдар тарбияти иҷтимоӣ буда, образҳои офаридаи ӯ — писарак Кибалчиш ва Темур мояи ибрати чандин насли кӯдакон ва наврасони собиқ ИҶШС, аз ҷумла Тоҷикистон, будаанд. Мақсади Аркадий Гайдар дар осораш тарбияи ватандӯстони ҳақиқӣ буд. Дар повести «Тақдири нақорачӣ» (1937) зиндагии бачагони хонаводаҳои табъидшудагонро ба қалам овард. Нашри боби аввали он дар рӯзномаи «Пионерская правда» қатъ гардида, китобҳои Аркадий Гайдар аз китобхонаҳо мусодира шуданд. Танҳо баъди ба ордени «Нишони Фахрӣ» (1939) сарфароз гардидан имкон ёфт, ки ба кори адабӣ идома диҳад. Аз нахустин рӯзҳои ҶБВ (1941−45) хабарнигори махсуси рӯзномаи «Комсомолская правда» буд. Осори ӯ ба чандин забон, аз ҷумла тоҷикӣ («Мактаб» 1938; «Сирри ҳарбӣ» 1941; «Чук ва Гек» 1947; «Темур ва командаи ӯ» 1951, 1983; «Тақдири нақорачӣ», 1962 ва ғайра) тарҷума шудаанд. Аз рӯйи асарҳояш бо номҳои — «Мактаби мардонагӣ», «Тақдири нақорачӣ» «Писарак Кибалчиш», «Чук ва Гек» ва ғ. филмҳо ба навор гирифтаанд.

Осор[вироиш]

  • Собранние сочинений. В 3-х томах. М., 1986.

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 1.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): اوپن ڈیٹا پلیٹ فارم, платформа відкритих даних, платформа открытых данных, plateforme de données ouvertes, piattaforma di dati aperti, Opendata-Plattform, otevřená data platforma, åben-data-platform, տվյալների բաց շտեմարան, platforma za odprte podatke, plataforma de datos abierta, plataforma de dados aberta, платформа адкрытых дадзеных, платформа на отворените данни, platforma otwartych danych, ашық деректер платформасы, ачык маалыматтарды платформа, açıq məlumat platforması, ochiq ma'lumotlar platforma, açık verilerin platformu, платформа отвореног података, platforma otvorenih podataka, platforma otvorenog podataka, platforma otvorených údajov, πλατφόρμα ανοικτών δεδομένων, platformu atklātā datu, platforma atvira duomenų, platvormi avatud andmete, avoimen datan foorumi, nyílt adatok platformja, პლატფორმა ღია მონაცემები, платформа за отворени податоци, нээлттэй мэдээллийн тавцан, platformă de date deschise, platformo de malferma datumoj, open data platform, плятформа адкрытых зьвестак, Усьтэм даннойёслэн платформазы, асыҡ мәғлүмәт платформаһы, açıq malümat platforması, açıq malümat platforması, ачык малюмат платформасы, öppen dataplattform — 2011.
  2. 2.0 2.1 Гайдар Аркадий Петрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  3. http://www.goodreads.com/author/show/537813.Arkady_Gaidar
  4. http://www.goodreads.com/book/show/2845490-the-blue-cup
  5. http://www.goodreads.com/book/show/13459782
  6. http://www.goodreads.com/list/show/47908.S_ch_thi_u_nhi_Li_n_X_d_ch_ti_ng_Vi_t
  7. http://www.amazon.com/The-Blue-Cup-Arkady-Gaidar/dp/B000XSQUMG
  8. http://www.bloomberg.com/apps/news?pid=newsarchive&sid=aksFQ_yV.X00

Адабиёт[вироиш]

  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1, Д., 1988;
  • Гайдар Т. Аркадий Голиков из Арзамаса: Документы. Воспоминания. Размышления. М., 1988;
  • Комов Б. А. Гайдар: Жизнь и творчество. М., 1991;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.